Ҳушдори иҷрочиёни суди Маскав ба муҳоҷирони тоҷик

Раёсати федералии иҷрочиёни суди вилояти Маскав мегӯяд, 2 ҳазору 294 шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои содир намудани ҷиноят аз ҷониби додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд, аз иҷрои қарори додгоҳ сарпечӣ доранд.
Дар ин бора Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия, баъди мулоқоташ бо иҷрочиёни суди Маскав 5-уми декабр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ иҷрочиёни суди Маскав изҳор доштаанд, ки танҳо бо назардошти шароити мушкили муҳоҷирони тоҷик додгоҳҳо қарор кардаанд, онҳо ҷарима пардозанд, ки то ҳол иҷро нашудааст.
Иҷрочиёни суди Маскав ҳушдор додаанд, ки агар то 20-уми декабри соли равон муҳоҷирони тоҷик қарори судро дар бораи пардохти ҷарима иҷро накунанд, дар кофтукови федералии Русия қарор хоҳанд гирифт: «Яъне, тамоми сохторҳои қудратӣ ному насаби ҳамаи маҳкумшудагонро дар даст хоҳанд дошт ва агар дастгир шаванд, пас ба зиндон кашида мешаванд».
Барои гурез аз зиндонӣ шудани ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик иҷрочиёни суди Маскав аз раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия хоҳиш кардаанд, мусоидат кунад, то маҳкумшудагон саривақт ҷаримаро пардохт кунанд. Абдулло Давлатов мегӯяд, муҳоҷирон барои пайдо кардани ному насаби маҳкумшудагон ба ӯ ва ё ба сомонаи https://www.fssprus.ru/ муроҷиат кунанд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |