Писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барканор ва ҷои худро ба Авазов дод
Муҳаммадҷони Нурӣ, писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ -- муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз раҳбарии Шӯъбаи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе барканор шудааст. Ин тасмим рӯзи 6 декабр дар конфронси 8-уми ҳисоботӣ ва интихоботии шӯъбаи ҲНИТ дар Душанбе гирифта шуд.
Дар оғози ин конфронс Муҳаммадҷони Нурӣ, роҳбари ҳамакнун собиқи шӯъбаи ҲНИТ дар Душанбе ва раиси комиссияи тафтишотӣ аз фаъолияти ҳизб гузориш доданд. Дар идомаи конфронс аз тарафи раёсати тозаинтихоби ин ҳизб номзадии Қиёмиддин Авазов ба унвони раиси шӯъбаи ҲНИТ дар Душанбе ва Мустафо Ҳоҷизода, ба ҳайси раиси комиссияи тафтишотии шӯъба гузошта шуд, ки он бо овози бештари вакилон дастгирӣ ёфт. Қиёмиддин Авазов то кунун раёсати Шӯъбаи ҷавонони Ҳизби наҳзати исломиро бар ӯҳда дошт.
Дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ конфронси шӯъбаи ҲНИТ дар Суғд баргузор гардида, Илҳомҷон Ёқубов ба унвони раҳбари наҳзат дар шимоли Тоҷикистон интихоб шуд. Оқои Ёқубов дар ин мақом Қорӣ Наимҷон Самиевро иваз кард.
Ба иттилои масъулини ҲНИТ қарор аст, инчунин, дар Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои Душанбе конфронси ҳисоботӣ интихоботии ин ҳизб баргузор хоҳад шуд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |