Президент баъзе роҳбарони блоки иқтисодиро нав кард

Рӯзи шашуми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ идома дод. Дар баробари тағйири раҳбарони Фарҳангистони улум, донишгоҳу донишкадаҳо ва Кумитаи забону истилоҳот, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ Руҳулло Ҳакимовро аз муовинати вазири молия барканор ва раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат таъин кардааст.
Бо фармонҳои дигари ӯ, Ҳамдам Тағоймуродов аз мақоми раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Шаҳло Неъматова аз вазифаи сардори Саридораи бойгонӣ озод шуда, ҳоло мансабе надоранд. Вале ба ҷои онҳо Абдусамад Раҷабов (Хадамоти зиддиинҳисорӣ) ва Дилором Мирсаидова (Саридораи бойгонӣ) омадаанд. Хонум Мирсаидова мудири шуъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи президент буд. Инчунин раисиҷумҳур Талбак Салимовро аз вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон озод кардааст: "Хайрулло Ибодзода аз вазифаи мудири шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон озод карда шуда, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид."
Баробари ин бо фармони раисиҷумҳур, Назар Назаров директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” таъин карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамаи раҳбарони навро, ки шашуми декабр таъин кард, ба ҳузур пазируфта “дар назди ҳар яке аз онҳо доир ба ҷоннок намудани корҳо” вазифаҳои мушаххас гузоштааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |