Бахшҳо

28 сол - барои дарс, хомӯшӣ ва азхудкунии моли дигарон?!

Алӣ МАСТОВ,
таҳлилгар

28 соли зиндон! Маҳз ҳамин мӯҳлатро айбдоркунандаи давлатӣ барои Зайд Саидов, соҳибкор ва роҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Тоҷикистони нав”, талаб дорад. 28 сол!

Айбдоркунандаи давлатӣ ақаллан мефаҳмад, ки 28 сол тақрибан ин нисфи ҳаёти миёнаи тоҷикистониёнро ташкил медиҳад? Ӯ мефаҳмад, ки 28 сол барои Саидови 55-сола бо назардошти шароити нигоҳдорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон баробари мӯҳлати ду ҳабси якумра аст? Ва ин ҳама танҳо барои он ки Саидов ният дошт, тариқи таъсиси ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳаётро беҳбуд бахшад?

Ба Шумо, сарфи назар аз фармоишу ангезаҳо, ин ҳама баробари ғайриқонунию ғайриинсонӣ буданаш, пастию палидӣ наменамояд? Ман Бобоҷон Бобохонови рӯҳафтода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ба истиллоҳ асосгузори муҳлатҳои тӯлонии маҳбускуниро ёд дорам, ки замони боздошти писараш, ҳатто ба хотир оварда натавонист, ки фарзандаш чандсола аст?
Дар идораи тақдири дигарон ҳама устоянд, аммо чун ба шахси онҳо мерасад, даррав ба ҳоли бехудӣ меғалтанд. Ин ҷо 28 соли зиндон талаб доранд! Барои чӣ?

Ба истиснои чанд нафари шубҳаовар дигар касе зидди Зайд Саидов шоҳидӣ надод. Зайд Саидов, ки табиатан маъюб асту аз маданияту маънавиёти баланд бархӯрдор аст, наметавонист одамонро гаравгон гираду аз озодӣ маҳрум созад. Наметавонист, шахси ба дараҷаи кофӣ доро, занонро мавриди таҷовуз қарор диҳад, махсусан ноболиғонро. Ин ҳама сафсата аст. Аз куҷо ин ҳама адоват нисбат ба атрофиён? Аз куҷо ин ҳама тарс аз рақибони эҳтимолии сиёсӣ? Аз куҷо?

Ба ҷиноятҳое, ки тамоми ҷумҳурӣ аз онҳо хабар дорад, аз ҷумла ба садама бо иштироки писари Амонулло Ҳукуматулло, ки се кушта барҷой гузошт, ба дуздии 850 миллион доллар, ки дар он ҳамаи далелҳои мушаххас нишон дода шудааст, ба таҷовузи духтараки 12-сола аз ҷониби шаҳрванди Чин, сохторҳои дахлдор чашм пӯшидаанд ва ба эҳтимоли зиёд барои ҳамеша. Аммо танҳо барои нияти таъсиси ҳизби сиёсӣ 28 соли зиндон бо мусодираи амвол талаб доранд.

28 сол, ки абадан давом хоҳад кард!
28 сол барои азхуд кардани моликияти шахси дигар!
28 сол дарс барои мухолифин, аз ҷумла мухолифини оянда!
28 сол барои задани мӯҳри хомӯшии абадӣ ба даҳони норизоён!
28 сол барои собиқ вазир, соҳибкори муваффақ, нафаре, ки шахсан аз дасти раисиҷумҳур барои саҳмаш дар рушди кишвар мукофотҳо гирифтааст, барои Саидов Зайд Шерович!

“Барои кумак ба дигарон ҳатмӣ нест, ки одам зӯру доро бошад, хайрхоҳ будан кифоя аст.” Бар хилофи айбдоркунандагони давлатӣ Зайд Саидовро ҳама чун шахси хайрхоҳ мешиносанд ва ёд доранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Солим
Ба фикрам хеч касро бегунох равонаи зиндон намекунанд. Судя ва муфаттишон тули чор мох тахкик карданд. Онхо хамзану фарзанд доранд, касам хурдаанд ва тибки конунхо кор ва амал мекунанд. Маводи навиштаи Мастов эхсосй аст. Дар мурофиа набуд. Ман хам набудам, вале ба сохторхо казой бовар дорам. Рухафтода шудан лозим нест. Боз зинахои дигари казоват мавчуд аст. Хеч набошад Президент ягон лутф мекардагист...

28 сола
28 сол барои монеъа эчод накардан хангоми ба курсии президенти ништани Рустами Эмомали дар оянда. Аз холо бояд рохро хамвору бемонеъа кард!

в
Солим

Холо як бор ба дасти инхо биафт, шаттаашонро хур, баъд мебинем ки чи мегуи. туро холо мурча нагазидааст.

Хаким
Солим,
О писари Хукумов се нафаррро бо молшинаш зада кушт ягон сол надоданд ку? Кучост он судяву муфаттишхоят?

Dev
Солим,
Chi mo gulomi prezidenti tuem,ki u lutf mekunad. dar asri 21 , dar zamoni ozodivu osoishtagi , mo buzakhoi jingilapo intizori lutfi shahanshoh. Man biser mehostam,ki hudi hamun prokurori ba 28 sol zindoni kunand.

28 соли зиндонии Саидов, ин баробари 28 соли рохбарии Рахмон то 2020 ки у аз руи конун бояд аз сари кудрат равад.

бародар Салим
Лутфан ба атроф ба диққат нигоҳ кун
Надиди ки писари вазир бо мошинаш 3 касро кушт ва 3 каси дигарро маҷруҳ кард ва натиҷааш ҳамон 150 сомони ҷарима шудани модараш буд.
Магар ин ҳама аз руи адолат аст
Вақте ки мо ҳамаи ин говсудро мнбинем ва ин туҳматҳои подарҳамои бемантиқро мешунавем дигар ҳоҷат ба бонги адолату раҳмдили доштану задани он муфатишону қонундонҳо нест
Худованди Карим бародари мо акаи Зайдро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва уро ҳарчи зудтар аз ин балову туҳтаи беасос озод намояд

тч
Хозир хама лаганбардор шидагияй. На танхо лаганбардор ракосаги хам мекнанд.

брат2
Алвидоъ Зайд! хеч кас гайр аз Аллох мушкили туро осон намекунад...

фирдавс
ба Солим навиштаниям номут Солим будай аклут носолим

Точик
Фармон аз " боло ", бояд 25 сол зиедтар зиндон шавад. Ба хотири чуръати ислохотхохияш, ки аз тарики таъсиси хизби сиеси мехост зиндагиро дар Точикистон бехтар намояд. Барои тарсонидани дигарон, ки мабодо дар андешаашон чунин афкори ислохатхохи пайдо нашавад. Хулоса, ичрочихо тамоми фаъолияти кории Зайдро санчиданд, гунохе ки тибки он 25 сол хукм намоянд наефтанд. 4 занагияш низ чазояш ба 25 сол баробар намешавад. Ин ичрочихо дар шахси мансабдорони аввали идорахои кудрати чуръат накарданд ки ба "боло" гуянд ки чазохои ефтаю бофтаашон то 25 сол намекаша, чи кор кунем? Напусиданд. Зеро "боло" дигар токати шунидани чунин суханхоро надорад. Раз фармон дод бояд ичро шавад, тамом вассалом. Фикр карда тухмати алокаи чинси ба духтари ноболиг, на бо як духтар нболиг, на всякий случай ду духтари ноболиги 12 соларо ефтанд, ки шаходат диханд ки Зайд Саидови маъюб, зану кудакдор," тачовузаш" кардааст. Хайр дигар чи кор кунанд? Ичро накунанд аз мансаб мераванд, гирифтори газаби "боло" мешаванд...... Мардикори карда рузгузарондан хазор бор афзал аст то ки ба як инсони бегунох тухмат карда, маош хури?

Комрон
Алӣ МАСТОВ, Шумо ба фикри ман аз кучаи хукук нагузаштаед, чунки тачовуз ба номуси духтараки баръало ба синни 14-сола нарасида дах маротиба сангинтар аз садамаи писари А.Хукум, чунки дар чинояти аввала касди бевосита аст. Ба фикри ман махз барои хамин чиноят конунгузории мо чазои то бист солро мукарар мекунад ва ин тасдики худро ёфтааст, ки адвокатхои З.Саидов хатто баъди баромади прокурор ин масъаларо мавриди танкид карор надоданд.

Молу мулки Зайдро давлат агар гирад ба кудакони ятиму бечора таксим кунад Боз нашавад ки хамаашро ба Дангара ва минтака Кулобу Ч Руми Хамадони дихад кам кам хам бошад ба кудакони ятими дигар минтакахо низ дихад ки савоб бисертар аст

Бародарон аз суханони Салим ва амсолаш газаб накунед . Зеро Салиму , Салимхо косалесон ин хукуматанд.Рузе меояд ки ин хукумат мераваду дигаре меояд , аммо баъд ахволи инхоро мебинем.

Комрон,
Комрон, шумо дар бораи кадом тачовузи кудаки 14 сола гуфта истодаед? Агар Худо накарда Зайд Саидов дар хакикат чунин номакулиро мекард, бовар кунед шабу руз дар ТВ ва дигар оммаи ахбор гапи дигар набуд. Аммо аз сабаби набудани чунин вокеа, суди Саидовро пушида эълон карданд.
Аммо барои шумо башад, ки харруз аз кучаи конун мегузаред, куштан ва мачрух кардани 6 чавон, чиноят набудаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)