Директори намояндагии ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Норак бо иттиҳоми аз худ намудани маблағхо боздошт шудааст.
Тавре аз ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, Ҳасан Маҳмудови 44 соларо зимни баргузории чораҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ дастгир кардаанд. Номбурда ҳамроҳ бо собиқ муовинаш Иброҳим Қулов аз 21-уми апрели соли 2005 то 31-уми апрели соли 2010 аз вазифаи худ сӯистифода намуда, барои омода намудани шартномаи тақалубӣ дар мавриди ба бонк гузоштани амонати мӯҳлатнок аз шаҳрванд Нурмаҳмад Ҳакимов 32000 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд. Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр