Андӯҳи гарони Раҳмон аз даргузашти Нелсон Мандела
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба ҳамтои африқоияш -- Ҷейкоб Зума даргузашти Нелсон Манделаро тасаллият гуфтааст. Оқои Раҳмон дар ин номаи худ навишта, ки хабари даргузашти Нелсон Мандела, нахустин раҳбари сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубиро бо андӯҳи гарон дарёфт намудааст.
Вай дар идома гуфтааст, “номи ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буд. Рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ дарҳам зада натавонистанд, ҳамеша намунаи волотарин ва қавитарини иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳанд монд.”
Оқои Раҳмон илова карда, ки “ҷои ин бузургмард дар дилу дидаҳои мо ҳамеша холӣ хоҳад буд. Тасаллият ва таъзияи самимиву амиқи инҷонибро қабул фармоед.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охир аз Худованд хостааст, дар робита ба марги Нелсон Мандела ба мардуми Африқои Ҷанубӣ ва ҳамаи мардуми сайёра сабру таҳаммул бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |