Бахшҳо

“Ситора”-и тоҷик эътироф кард, ки зани саркардаи ҷиноии қазоқ будааст (ВИДЕО)

Ситора Назарова, сарояндаи тоҷиктабор, аз пайвандони Далер Назаров, ки айни ҳол дар Алмато умр ба сар мебарад, дар суҳбат бо рӯзномаи “Время” эътироф кардааст, ки замоне ҳамсари “Рижий Алмаз”, аз саркардагони олами ҷиноии Қазоқистон будааст, ки тобистони соли 1998 дар Барселона кушта шуд.

Назарова дар мусоҳибааш нақл кардааст, ки Тоҷикистонро ба далели ҷанги шаҳрвандӣ соли 1993 тарк карда, ба Маскав ва аз он ҷо ба Алмато омадаанд, чун дар Алмато ба бародараш, Парвиз Назаров кор пешниҳод намуданд.

Ӯ дар шарҳи рафтанаш аз Русия гуфтааст, дар шоубизнеси ин кишвар рушди корӣ тариқи ҳамхобагӣ бо масъулин ба даст меояд, ки инро хуш надорад. Ситора Назарова инчунин аз муносибати русиягиҳо ба тоҷикистониён интиқод намуда, изҳор доштааст, ки дар Русия дар симои ҳар тоҷик кӯчарӯбу гадоро мебинанд. Гарчанде ба гуфтаи ӯ муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз нигоҳи теъдод баъди Узбакистону Қирғизистон меистанд.

Ин сарояндаи тоҷиктабор изҳор доштааст, ки давоми 5,5 сол оиладор будааст ва баъдан шавҳарашро куштаанд. Ӯ гуфтааст, шавҳараш “Рижий Алмаз” ё худ саркардаи олами ҷиноии Қазоқистон дар солҳои 90-ум будааст, ки баъдан кушта шуд. Назарова таъкид намудааст, ки муддати дароз талош кардааст, аз муносибаташ бо “Рижий Алмаз” ёдоварӣ накунад, то таваҷҷуҳи душманонашро ҷалб накунад: “Аммо ман дар зиндагӣ имтиҳоноти мушкилеро аз сар гузарондаам, ки дигар намеарзад, аз чизе битарсам.”

Ситора Назарова таъкид намудааст, ки худро шаҳрванди ду кишвар, Тоҷикистону Қазоқистон меҳисобад. Дар Тоҷикистон таваллуд ва калон шудааст, аммо қисми зиёди ҳаёташро дар Қазоқистон ба сар бурдааст ва ин кишварро низ ватани худ ҳисобида нияти тарк кардани онро надорад.

Парвиз ва Ситора, хоҳару бародар, аз пайвандони Далер Назаров, аз номоварони мусиқии эстрадаи тоҷиканд. Парвизу Ситора дар шоу бизнеси Қазоқистон мақоми хос доранд ва бо таронаҳои худ дили ҳазорҳо нафарро тасхир кардаанд. Ҳар тарона ва ҳар клипи онҳоро тамошобини қазоқ гарм истиқбол мекунад.

Парвиз ва Ситора аслан дар алоҳидагӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, аммо чанд таронаи муштараки онҳо нуфузашонро афзуд. «Райҳон» (таронаи Андӣ), «Америка-Европа» аз сурудҳои муштараки Парвиз ва Ситораанд, ки аз истиқболи гарми мухлисон бархӯрдор шуданд. Ин ду суруд бо русӣ иҷро шудаанд, аммо ахиран дар шабакаи аввали телевизиони Русия суруди «Оре-оре»-ро бо тоҷикӣ хонданд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хонанда
Илтимос, дар бораи хамин помирихо нанависед.

Немат
Ситорка ты красавица

Кӯлобӣ
Цитата: Хонанда
Ситора”-и тоҷик эътироф кард, ки зани саркардаи ҷиноии қазоқ будааст (ВИДЕО

Ҳамин "помири"-ҳо аз ту баринҳо тоҷиктаранд. Озодагон, ҳар чизе, ки ба ҷанҷолу дилсардӣ меоавард чоп накун. Чаро чунин шарҳҳоро ҷо медиҳӣ?
Сарлавҳаи гузоштаатон низ дуруст нест. Лекин баъзеҳо мегӯянд, ки ҳар одам чизеро мебинад, ки дар дилашу дарунаш дорад.
Он мусоҳибаро (ба забони русӣ) ман хондаам, бисёр мусоҳибаи хуб аст. Русҳо, ки ба мо чунин бадбинӣ доранд чунин сарлавҳаи баде нагузоштанд, аммо шумо (ба ном тоҷикон) ин гуна сарлавҳаи бадро раво дидед. Ин духтар ба забони тоҷикӣ суруд мехонад ва фарҳанги моро ташвиқ мекунаду шумо чунин бадгӯӣ мекунед.

сара
хонанда- ту бисёр хам одами ахмак будасти. Помирихо бисёр хам мардуми бузург, бофарханг, ранги худат бесаводу бемаъданият нестанд хушбахтона

замира
Илтимос, дар бораи хамин помирихо нанависед.
Ту бо ин чумлаат чи гуфтани хасти???? ва озодагон бо нашр кардани он чи хадафе ба дунбол доштааст????

Вокеан, ин хар ду номбардорони фарханги мусикии точик ва давомдихандагони кори сулолаи Назаровхо мебошанд!!!

346346
Духтаре ки ба точики гап намезанад, дар Точикистон зиндаги намекунад, ба мо точикон чи лозим аст дар бораи у чизеро донистан?

Кӯлобӣ
346346,
Аввалан худро заҳмат дода он мусоҳибаро хону бигӯ, ки нафаре, ки тоҷикиро намедонад, вале ба тоҷикон фоидае оварда метавонад беҳтар аст ё нафаре, ки тоҷикиро (ҳамонам нимча) медонаду зарараш ҳасту фоидааш нест беҳтар?

346346
Кулоби

Точике ки точикиро намедонад, у умуман одам нест. Чи гупти?

Дарвеш
Ба назари ман агар мо точикро ба маънои кадими ва ориёияш мехохем бифахмем пас помирихо аслитарин точиканд ки ифтихори мо хастанд ва агар точикро ба маънои лакайу кибчок бидонем пас помирихо помирианд

Кӯлобӣ
346346,
Як бори дигар навиштаи маро дар болотар бихону фикри чукур кун (агар тавони албатта). Баъд давом дихем сухбата. Точиконе хастанд, ки забони точикиро намедонанд, аммо фоидаашон ба кишвар ва миллат аз точикдонхо бисёртар мерасад.

346
Кулоби

Точике ки бо точики харф зада наметавонад, беномус аст. Барои ман ин гуна точик вучуд надорад. Бовари дорам, ки мусалмон хам нест. Забонхои хоричиро пулу вакт сарф карда меомузанд, лекин нисбати забони ачдодиашон бехурмати мекунанд. Аз ин гуна шахсон, гайр аз зарар, ба мардуми точик чизе намерасад.

Кулоби

Аз афташ ту дар кадом кишлокчой ба воя расидаи, аз ин ру аз бисер чизхо хабар надори. Ман дар байни хамин гуна точик-русхо бисер гаштаам ва аз мафкураашон бохабар хастам. Онхо душмани маданият ва дини мо хастанд.

Dev
[b]Хонанда
Betarbiyavu bedonishi !

Офарин. Сафи чунин точиконро зиёд кунад

Кӯлобӣ
346,
Ман дар қишлоқҷояму бо ҳарфҳои тоҷикӣ менависам, аммо ту?...
Як бор ҳамон навори гузошташударо гӯш бикун ва бигӯ, ки ба кадом забон аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)