“Зан соҳиби замин”- озмуне барои беҳтарин хонумҳои вилояти Хатлон
Дар ҷануби Тоҷикистон барои муайян кардани беҳтарин занҳое, ки раҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермериро бар уҳда доранд, озмун эълон шудааст.
Ин озмун таҳти унвони “Зан соҳиби замин” ҷараён хоҳад гирифт. Тавре ба “Озодагон” аз Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ), ки аз ташаббускорони аслии озмуни мазкур аст хабар доданд, озмуни мазкур миёни занҳое гузаронида мешавад, ки дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд ва идораи хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермериро бар ӯҳда доранд. “Мақсади асосии гузаронидани озмун пеш аз ҳама ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занҳо ба самти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва баланд бардоштани нақши фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ба даст овардани замини саҳмӣ мебошад”,-афзуд манбаъ.
Дар озмун занҳое ҳаққи ширкат доранд, ки синнашон 18 боло буда ва дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанду сертификати амалкунандаи замин доранд ё замони эълон шудани озмун барои гирифтани ин сертификат ба мақомоти дахлдори маҳалӣ муроҷиат кардаанд.
“Иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ ва ниҳоиро Кумитаи коршиносон, ки аз ҳисоби масъулони вазорат, кумитаҳои дахлдори давлатӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ҷаъмиятӣ созмон меёбад, дар ҷаласаҳои кории худ баъди суҳбатҳои инфиродӣ ва санҷишҳо муайян мекунад. Номи ғолибон дар маросими ҷоизасупорӣ, ки 25 марти соли 2014 доир мегардад, эълон мешаванд. Ғолибони озмун бо диплом, мукофотҳои пулӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд қадр мегарданд”,-афзуд манбаи хабар.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |