Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳар сол на камтар аз як миллион каламча омода кунед

Дар Истаравшан як корхонаи ҷадиди коркарди меваю сабзавот ба фаъолият шурӯъ намуд.


Дар расми ба кор оғоз намудани ин корхона президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд.
Райисҷумҳур, ки дар идомаи боздидаш аз Суғд субҳи имрӯз ба шаҳри Истаравшан рафт, ба фаъолияти ҷамъияти саҳомии пўшидаи Оби Зулол оғоз бахшид. Зикр шуд, ки хатти нави технологии корхонаи Оби Зулол, имкон дорад дар як мавсим 25 ҳазор тонна меваю сабзавотро коркард намуда, аз он афшураҳои хушлаззат истеҳсол намояд. Дар ин коргоҳ тамоми намудҳои меваю сабзавот ва тарбўзу харбўза коркард мешавад.

Президенти кишвар таъкид намуд, ки аз ин ва дигар корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот ба хориҷи кишвар танҳо маҳсулоти тайёри ниҳоӣ содир карда шавад. Райисҷумҳур ҳамчунин аснои боздид аз шаҳри Истаравшан ба хоҷагиҳои деҳқонии Пошкенти ҷамоати деҳоти Пошкент  рафт. Зикр гардид, аз 454 га  замини хоҷагӣ 168 гектараш обӣ буда, аҳли заҳмат, ки шумораашон 598 нафар аст, асосан бо боғутокпарварӣ, парвариши картошка, сабзавоту полезӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар хоҷагии деҳқонии Вогат вошад, райисҷумҳур ба фаъолияти токпарварон аз наздик шинос шуд.

Аҳли хоҷагӣ дар 200 га замин токзор бунёд намудаанд, ки дар он ангўри навъҳои кишмиши сиёҳ ва сафед, тоифӣ, ҳусайнӣ, чилрўза, тагобӣ ва калондона парвариш меёбад.
Дар майдончаҳои махсуси мавизхушкунии хоҷагӣ ду тарзи хушксозии мавиз бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилои роҳбарияти хоҷагӣ, имсол аз ин ҷо 350 ҳазор бех қаламчаи ангўр ба фурўш бароварда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки ҳар сол на кам аз 1 миллион қаламча омода созанд, зеро дар бозор талабот ба он зиёд аст.

Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки президент маҷмааи иншооти варзишии «Далерон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин маҷмаа аз ҷониби ширкати хусусии Дурдона дар майдони 2 га бунёд ёфтааст.
Гуфта шуд, ин маҷмаа дар заминаи як бинои вайрону валангор, ки аз солҳои 90- уми асри гузашта аз истифода бозмонда буд, бунёд ёфта аст. Маҷмааи варзишӣ дар маҷмўъ дорои шароити хуби тамрин ва гузаронидани зиёда аз 20 намуди мусобиқаҳои варзишӣ хоҳад шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)