Мушкили молӣ дар Вазорати хориҷа ва пешниҳоди имтиёзҳо
Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми декабр, Вазорати умури хориҷии кишварро ба далели мушкили молӣ аз пардохти боҷу андоз ҳангоми ворид намудани 650 ҳазор бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ озод намуд.
Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар назди намояндагони мардумӣ гуфт, Вазорати умури хориҷии кишвар бо ширкати олмонии «МEHLER» барои хариди 700 ҳазор адад бланкаи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки 50 ҳазор адад бланкаҳои шиносномаҳо аллакай ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 650 ҳазор адади дигар бояд то охири соли равон ба ҷумҳурӣ оварда шавад.
Ҳакимов афзудааст, ки ин ниҳод ба мушкили молӣ рӯбарӯст ва айни ҳол аз ширкати олмонӣ дар маҷмуъ 2 миллиону 556 ҳазору 800 евро қарздор мебошад. Муовини вазири молия гуфт, бино ба ин Вазорати умури хориҷӣ тавони пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо надорад. Ӯ таъкид намудааст, ки ҳангоми додани имтиёзҳои иловагӣ, ВКХ аз пардохти 12 миллион сомонӣ, аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 6,9 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 5,1 миллион сомонӣ озод карда шуд.
Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири умури хориҷӣ дар назди намояндагони мардум айни ҳол арзиши як адад шиносномаи биометриро 75 $ гуфта, афзуд, ки интизор меравад, ки дар оянда то 50% коҳиш хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |