Бахшҳо

Кабирӣ, Шарифов & Ватанов дар бораи талаби 28 соли зиндон ба Зайд Саидов

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар пайи дархости 28 соли зиндон ба Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, гуфт, ҳар қароре, ки додгоҳ содир мекунад, сиёсӣ хоҳад буд. Зеро ба гуфтаи ӯ, “қазияи Зайд Саидов аз аввал қазияи оддӣ ва сирф ҳуқуқӣ набуда, ҷанбаи сиёсияш қавитар мебошад.”

Ба бовари Кабирӣ, “чун танҳо пас аз эълони фаъолияти сиёсиаш нисбати ӯ парванда боз карданд ва аз аввал адолат нисбати ӯ риоя нашуд. Дар аввал ӯро ба ҳабс гирифтанд, баъд қарори маҷлиси вакилони халқи Душанбе барои бекор кардани ваколати ӯ қабул шуд. Ҳол он ки ҳангоми содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ чунин рафтори мақомотро қонунгузорӣ пешбинӣ намекунад. Дар марҳалаи ниҳоии баррасии парванда ҳам, эҳтимоли риояи адолат хеле кам аст.”

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, масъалаи Зайд барои ҳукумат ва ҷомеа як навъ имтиҳон мебошад. “Ҳукумат бо муносибати худ ба Зайд Саидов ба ҷомеа паём мефиристад, ки оянда ба кадом самт кишварро бурданист. Агар ҳукми сангин содир намоянд, маънии онро дорад, ки ҳамагуна ташаббуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ кардан, фикри мустақил доштан дар оянда низ ҷазои сахт хоҳад дошт. Оё ҷомеа ин паёмро мепазирад ва ҳазм мекунад ё вокуниш нишон хоҳад дод, вақт нишон медиҳад. Вале, агар Зайдро озод намоянд ё ҷазои рамзие муайян шавад, сигнали мусбате мешавад, ки дар ин ҳафтсолаи оянда тағйироти мусбате кишварро дар самтҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ интизор мебошад”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, мегӯяд, бовар дорад, қазияи Зайд Саидов дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишвар ҳалли худро меёбад. Вай дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “он ҳама фикру андеша ва баҳсу эҳсосе, ки дар расонаҳо ҳаст, танҳо таъсири манфӣ мерасонад. Албатта, таъсири манфӣ ба рафти баррасии қазия не, балки ба имиҷ ва оила. Дар парвандаи ҷиноӣ танҳо ҷанбаи қонун ва ҳуқуқ ба назар гирифта мешавад, на фикру андешаи хабарнигорон ва ё коршиносон.”

Оқои Шарифов дар идома дар бораи кори вакилони мудофеи Зайд Саидов ҳам изҳори назар кард ва гуфт, “онҳо мехоҳанд, аз ин ҳисоб барои худ холи мусбат ба даст биёранд. Ин ҳам яке аз бозиҳои вакилон аст, ки дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад. Вақте додгоҳ қарори худро мебарорад, пас, метавонем бигӯем, ки он чӣ гуна анҷом ёфт.”

Шарифов таъкид намуд, ки ба қазияи Зайд обуранги сиёсӣ дода нашавад. Ба гуфтаи ӯ имрӯз иттиҳомҳои эълоншуда алайҳи Зайд Саидов як тараф монда, ҳама иддао доранд, ки парвандаҳо ангезаи сиёсӣ доранд: "Ҳоло касе сари пора гирифтан ё нагирифтани Зайд Саидов чизе намегӯяд. Фақат далел меоранд, ки гӯиё дар ҳукумат ҳама пора мегиранд. Аммо ин дигар бар зиммаи Оҷонсии зидди фасод аст. Он корҳои шахсии Зайд Саидов ва дигаронро, ман он қадар таваҷҷӯҳ намедиҳам, намедонам кӣ дар ин маврид рост мегӯяд. Инро танҳо бояд ташхис муайян кунад ва додгоҳ онро қонунӣ ҳисоб кунад.”

Кабирӣ, Шарифов & Ватанов дар бораи талаби 28 соли зиндон ба Зайд СаидовМаҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон дар шарҳи талаби 28 соли зиндон барои Зайд Саидов гуфт, “ман ҳунари пешбинӣ ва ё фолбинӣ надорам. Он, ки имрӯз айбдоркунандаҳои давлатӣ 28 сол талаб мекунанд, ин ҳоло ниҳояти кор нест. Дар робита ба он иттиҳомоте, ки Оҷонсии зидди фасод расман эълон мекард, ҳаминро метавон гуфт, ки он ҳам метавонад дақиқ набошад ва дар додгоҳ рад шавад. Таҷрибаи додгоҳӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна як мақомот бо далелҳое як нафарро ба додгоҳ мекашад, аммо дар натиҷа додгоҳ тамоми фактҳоро рад карда, судшавандаро сафед мебарорад. Аз ин хотир дар робита ба қазияи мазкур ман танҳо ба қарори додгоҳ бовар мекунам. Ин ҳама сару садое, ки дар расонаҳои хабарӣ пахш гардид, ин ҳама мунсифона буда наметавонад. Ҳар хабарнигор қазияро аз дидгоҳи худ менависад.”
Мӯҳр
ва
Шарипов

Аз худо битарс. Ту хам худро шарики ин чиноят карди, яъне шахси бегунохро барои акидааш зиндони кардед. Фардо ту хам дар рузи киемат барои беадолати нисбати Зайд чавоб хохи дод.

Е Сухроб Шарифов вакте Гул Шералира дар парлумон ерод гирифт фикр кардем ки ин мардак дар хакикат адолатпараст аст вале холо ки мебинем ин хам барои вазифа шуда вичдонашро аз даст додааст. О барои чи чиноятхои иктисодии Вазоратхоро намебини Чаро чинояти писари Хукумовро намебини одам кушт ба 120 сомони чавоб шуд барои чи 2 нафар дар ашт ба намози чумъа рафт 3000 сомони чаримаву ин мардак 3 одама кушт 120 сомони чаро Сухроб Шарифов инхоро намебинад .Аз худо каме тарс огои Шарифв рузе мешавад ки шуморо мегуянд ки дар заминларзаи ш.Вахдат шумо гунохгоред ва махз хангоми гузаштан аз миёни ин шахр шумо атса задеду ин заминларза ьба вукуъ омад.

шумо хатто фикри мустакил надоред.

Азнатичагирихои Сухроб Шарифов бар меояд,ки казияи Зайд Саидов супориш аз болост.

душан
Нексиришт
Альвидо точикистон

Мухаммад
Салом! Кабири ташакур барои андешахои дурустатон! шумо нисбат ба баъде вакилони мачлиси оли хакикатгуйтаред!
Сухроб Шарипов шумо аклатонро хурдаед магар? кадом рафтори ожонси конуни буд? хабсаш? тахматхояш? ДНКА калбакияш? агар сахт хам гуям, рав даф кун худата ... аввал одам шав бад акидаатро баён кун! Ба Втарнов мегуям: Ту дар кучо буди? инкадар хукуквайронкунихоро медиди охир ту Саидов Зайд хам инсон хаст ку! Одам бояд мард бошад! кур нашавен хукуматдорон! Худатонро ба даст гирен дар пеш киёматаст!

Бахром
То вакте ки хамихел хоинхо дар сари кудрат хастанд Точикистон обод неву барбод мешавад.

Салим аз Новосибрск
Шубхае нест, ки казияи Зайд Саидов комилан чанбаи сиёси дорад. Хукуматдорон бо ин корашон хушдор додаанд, ки хар касе, ки мухолифи онхо кор кунад холаш хамин мешавад, дар махбас пусида меравад. Агар Зайд Саидов хизб ташкил кардани намешуд хурда мегашт ва касе дар суроги вай намешуд.
Аз чониби дигар Зайд Саидов симои вазиронро фош месозад. Наход аз байни хамаи вазирон, мансабдорон ва пулдорон танхо у порхур, серзан ва аёш бошад???
Зуровари ва беадолати окибат надорад.

Вакте тарс аз Худо ва рузи киёмат нест тухмат задан ба одами бегунох кори оддист. Ин чои бахс нест, ки муборизони зидди фасод худашон аз чумлаи фасодкорон мебошанд. Ва бадбахтии дигар он аст, ки хамон касоне, ки имруз бахри сиёхкунии Зайд Саидов аз Худо натарсида аз тарси курсии масаб ин корро мекунанд, рузе, ки ба хукумат нолозим шуданд худашон дар хамин курсии гунахгори хоханд нишаст. Оё Ёкуб Салиимов далели ин гуфтахои ман нест? Худо шуморо тавфик дихад, вагарна ба бадтарин чазояш гирифтор намояд. Омин.

Сафар
зулм окибат надорадю. Хадис ас, ки бо куфр метавон хукумат кард, вале бо зулм не

Парво накунед вакилони мухтарам окибати шумохапм хамин аз ин бадтар шояд хубтар не.

бисерихо..конунхои осмониро иистифода мебаранд...аз худо наметарсед..аз киёмат наметарсед...о инхоро хамин инсонхо бо конунхои замини мешинонад...ва хамаи шумо ва онхо мусулмонед..шумо бародарон хамаатон хаелпараст ва адолатро аз ботлоки фикру андешаи худ мефахмед...аммо дар кадом диери собик шурави адолат аст...дар ягонтааш нест...барои хамин Шарипов Кабири ва Ватанов як чизро гуфтанд додгох мебинад ва хукм мебардорад. Ин дуруст аст.....аммо боадолат ё не...ин саволи калон аст.....

zaid siyosatmador nabudu hizb ham nadosht.biznesmen bud.chi xel kaziyaash siyosi ast?

aspirant
Suhrob Sharifov xudro yke az siesatdonhoi kishvar mehisobad, vale to hol fikri ozodi xudro nadorad, haifi tubarin olim va deputat, Tojikiston to kujo merafta boshad bo chunin besavodon....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)