Шоҳи футбол аз ширкат дар қуръапартоии Ҷоми Ҷаҳон даст кашидааст
Пеле, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оид ба футбол аз ширкат дар қуръапартоии Ҷоми Ҷаҳон-2014 даст кашидааст.
Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, ин футболбози маъруф далели ширкат накарданашро ба он рабт дода, ки шояд рақибони қавӣ дар баробари тими Бразилияро интихоб кунад.
Қаблан, Дилма Руссефф, раиси ҷумҳури Бразилия аз Пеле хоҳиш карда буд, то ин кишварро дар расми қуръапартоӣ намояндагӣ кунад. Пеле дар гузашта чандин маротиба дар маросими қуръапартоии мусобиқаҳои байналмиллалии футбол ширкат кардааст, вале ин навбат аз он даст кашида. Вале, ӯ дар қисмати тантанавии ин маросим иштирок хоҳад кард.
Қуръапартоӣ фардо, 6 декабр баргузор шуда, 32 тими миллӣ дар ҳашт гуруҳ (дар ҳар гуруҳ чор дастаӣ) тақсим мегарданд.
Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол соли 2014 дар Бразилия баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |