ВИДЕО: Талаби 28 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов
Абдусамеъ Додобоев, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади ниҳоии худ рӯзи панҷуми декабр аз додгоҳ хост, Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони навро барои 28 сол равонаи зиндон кунад. Ӯ дар лаҳзаҳои аввали аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ берун омаданаш ин хабарро гуфт, аммо ҷузъиёташро шарҳ надод.
ВИДЕОИ ШАРҲИ ВАКИЛОНИ МУДОФЕИ ЗАЙД САИДОВ ДАР ИН ҶОСТ
Вакилони мудофеи Зайд Саидов ин талаби додситонро, ки бар асоси моддаҳои 319, қисми 4 (порагирӣ), 247, қисми 4 (қаллобӣ) 170 (чандҳамсарӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) нафари таҳти ҳимояташонро муҷрим эълон кардааст, ноадолатона шумурданд. Ба гуфтаи вакилон, айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб кардааст, ки молу амволи Зайд Саидов мусодира гардад ва ӯ баъд аз адои муҳлати ҷазо барои 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум шавад.
Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони Зайд Саидов гуфт, онҳо рӯзи душанбеи 9 декабр баромади ниҳоӣ доранд ва дар он ҷо ҳамаи ин иттиҳомоти додситонро рад хоҳанд кард ва барои ин далел ҳам доранд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҷониби айбдоркунанда алайҳи нафари таҳти ҳимояти онҳо далели қатъӣ надорад. “Дар маҷмӯъ, бо моддаи 67, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ 28 соли зиндон талаб карда шуд. Ин ҳоло фикри айбдоркунда буда, ҳатмӣ нест. Баъд аз айбдоркунандаи давлатӣ мо ба ҳар талабу гуфтаҳои ӯ нисбат ба зерҳимояамон ҷавоб хоҳем дод”,-афзуд мусоҳиби мо.
Оқои Зокиров илова кард, парвандае, ки бо даъвои Низомхон Ҷӯраев дар бораи кашида гирифтани корхонаи “Тоҷикатлас” боз шуда буд, қатъ гардида, баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла ташхиси ДНК ба тафтишоти иловагӣ фиристода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |