Нобоварии Убайдуллоев ба ҳисоботи тобеинаш
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба ҳисоботҳои масъулини пойтахт оиди бартараф шудани парвариш ва нигоҳдории чорво дар марзи пойтахт бовар накардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар ҷаласаи рӯзи 2-юми декабр, масъулини ҳифзи муҳити зист, санитарӣ, байторӣ ва комиссияҳои марказӣ гузориш додаанд, ки парвариш ва нигоҳдории чорво дар марзи Душанбе ҳал шудааст.
Аммо ба иттилои манбаъ Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати воқеияти оморҳои мавҷуда нигаронӣ намуда, дастур додааст, дар муҳлати ду ҳафта, тавассути гузашти сартосарии манзилҳои индивидуалии сокинони маҳаллаҳои шаҳр, нигоҳдории чорво мавриди санҷиш қарор гирад ва нисбати сокинони хилофкор чораҳои қатъӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ татбиқ карда шаванд.
Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои танзими нигаҳдории чорво дар пойтахт то 1-уми январи соли 2014 муҳлат дода, ҳушдор дода буд, агар масъалаи берун кардани асп, хар, уштур, хук ва дигар чорвои хурду калон аз пойтахт ҳал нашавад, муовини якуми раиси Душанбе ва раисони чор ноҳия метавонанд аз мақомашон барканор шаванд.
Тибқи қонун «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон» дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |