Таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон ва таъхиркориҳои ҳукумат
Имрӯз, 3-юми декабр дар Тоҷикистон, рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад ва ба ин муносибат дар кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Душанбе дар назар аст.
Рӯзи байналмилалии маъюбон бо қарори Созмони милали муттаҳид таҷлил гардида, ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти маъюбон, иштироки густурдаи маъюбон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон то ҳол Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро тасвиб накардааст. Ин Конвенсия, ки моҳи декабри соли 2006 қабул ва аз майи соли 2008 мавриди амал қарор гирифтааст, ба маъюбон имтиёзҳои зиёд барои табобат, таҳсил, ҷойи кор, дастрасӣ ба иншооти кӯмакрасон ва ғайра пешбинӣ мекунад.
Айни ҳол ин конвенсияро 155 кишвари дунё имзо намуда, 130 кишвари дигар аллакай онро ба тасвиб расондаанд. Тоҷикистону Белорусия дар ҳудуди ИДМ ягона кишварҳое мондаанд, ки то ҳол Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи маълулонро ба имзо нарасондаанд.
Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудаанд, ки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |