ВИДЕО: Истиқбол аз Саламшоҳ Муҳаббатов ва гуфтугӯ бо ӯ
Саламшоҳ Муҳаббатов, раиси Федератсияи гӯштӣ (куштӣ)-и озоди Тоҷикистон, баъд аз дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни бузургсолон, субҳи 30 ноябр аз Дубай ба Ватан омад. Ба истиқболи ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе теъдоди зиёди дӯстону наздикон ва варзишкорон омада буданд.
Оқои Муҳаббатов дар лаҳзаҳои аввали фуруд омаданаш аз ҳавопаймо бо “Озодагон” гуфтугӯ анҷом дод ва дар бораи пирӯзияш ва истиқболи гарми сокинон изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “барои ман аз ҳама муҳим ин аст, ки парчами Тоҷикистон боло бардошта шуд ва Суруди миллии кишвар садо дод. Дар асл ашки шодӣ ҳам рехтам. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Дубай буданд, хеле мухлисӣ карданд. Аввал Худову баъд мухлисии ҳамонҳо буд, ки ҷои аввалро соҳиб шудам.”
Генерали 53-солаи тоҷик аз истиқболи сокинон, ки субҳи барвақт барои пешвозгирии ӯ омада буданд, изҳори хушнудӣ карда, ба онҳо сипос гуфт. “То замоне ки ҳастам, барои дифои номи Ватан ва шарафаш талош хоҳам кард”,-таъкид кард ӯ. Саламшоҳ Муҳаббатов афзуд, дар асл он қадар барои иштирок дар мусобиқаи оид ба дзюдо омода набуд. “Лекин Нарзулло Каримов, аз дӯстони ман, гуфт, меравем. Вай дилпур кард, ки меравем, иншоаллоҳ, ягон гап мешавад.”
Оқои Муҳаббатов дар мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо, ки аз 25 то 26 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ба рақибонаш пирӯз омад. Ин паҳлавони шинохтаи тоҷик дар вазни то 90 килограм майдондорӣ карда, дар даври аввал - Владимир Маркелов (Русия), дар марҳилаи нимниҳоӣ Радик Нурмуҳаммадхонов (Русия) ва дар қисмати ниҳоӣ Банжел Ярослав (Чех)-ро мағлуб карда, унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдоро соҳибӣ намудааст.
Генерал Саламшоҳ Муҳаббатов яке аз фармондеҳони пешин дар даврони даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |