Боз ду маркази тиҷории духтари президент аз фаъолият монд
Дар шаҳри Тошканд боз ду иншооти мутаалиқ ба Гулнора Каримова аз фаъолият мондааст. Ба иттилои расонаҳо, ин навбат дарҳои “Хонаи мӯд” ва мағозаи фирмавии ҷавоҳирот ва атриёти “Guli” баста шудаанд.
27 ноябр Бонки марказии Узбакистон бо иттиҳоми “нақзи қонунгузории бонкӣ” литсензияи бонки “Кредит-Cтандарт”-ро, ки ҳамчунин ба духтари Ислом Каримов мутаалиқ аст, бозпас гирифт.
Аз ин пештар дар шаҳри Тошканд кинотеатрҳои “Premier Hall” ва маркази тиҷорӣ-фароғатӣ “City Makon”-и Гулнораро дар баста буданд. Ҳамчунин фаъолияти як қатор мағозаҳои либосвории духтари бузурги президент аз қабили Mango, United Colors of Benetton, Levis, Adventure, Geox, S.Oliver, Antony Morato, New Millennium ва шабакаи мағозаҳои Nirvana, ки ба фурӯши асбобҳои мусиқӣ ва дастгоҳҳои наворбардорӣ машғул буд, қатъ гардид.
Фаъолияти чанд радио ва шабакаҳои телевизионии Гулнора Каримова низ ахиран боздошта шуд.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |