Президент: сезабонӣ бояд барои мо зуҳуроти муқаррарӣ бошад
Нурсултон Назарбоев гуфтааст, қазоқҳо набояд забони русиро фаромӯш созанд.
"Қазоқистон бояд забони давлатӣ - забони қазоқиро донад. Дуюм, забони русӣ, забони ҳамсояи бузурги мо ва яке аз шаш забонҳои СММ. Мо набояд ин забонро фаромӯш созем, набояд аз баҳри он гузашт. Ҳар забон ин дороии инсон мебошад", - изҳор доштааст президенти Қазоқистон зимни суханронӣ дар як ҳамоиши донишҷӯён дар Остона.
Ӯ дар идома афзуда, ки "миллати худро боло бардоштан бо роҳи паст задани миллати дигар номумкин аст, аз ин рӯ ман аз сезабонӣ мегӯям". Ба қавли Нурсултон Назарбоев: “Забони англисӣ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани мо лозим аст. Аз 10 миллион китобе, ки дар ҷаҳон нашр мешавад, 85 дар сади он бо забони англисӣ мебошад. 3,5 ҳазор ширкати хориҷӣ дар Қазоқистон фаъолият дорад. Бо онҳо бо кадом забон суҳбат мекунем? Сезабонӣ барои мо бояд зуҳуроти муқаррарӣ бошад”.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |