Синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон аз 56,7 ба 52 поин омадааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи аввалини ҳукумати нав аз раёсат ва аъзои он хостааст, барои амалӣ кардани ормони сокинони кишвар ҷаҳду талош намоянд. Ин ҷаласа субҳи 30 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Оқои Раҳмон “боварию эътимоди мардум”-ро “дастоварди фаъолияти сиёсии давлату ҳукумат” номида, иброз доштааст, “ҳар яки моро зарур аст, тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар созем.” Вай дар бораи ҳадафҳои аслии ҳукумат дар солҳои наздик сухан ронда, аз ҷумла таъкид доштааст: “Тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад”.
Ба қавли оқои Раҳмон, барои иҷрои ин ҳадафҳо зарур аст, кор доир ба таҳияи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 оғоз ёбад. Дар ин ҷаласа ба ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он супориш дода шудааст, “барои навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот дар муҳлатҳои наздиктарин барномаи “Рушди деҳот”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини ҳукумати нави Тоҷикистон аз савганди худ ёдоварӣ намуда, гуфтааст, “фаромӯш насозед, ки савганди президенти кишвар – савганди аъзои ҳукумат, ҳар як роҳбар ва шахси масъул ва дар маҷмӯъ тамоми хизматчиёни давлатӣ, раҳнамои доимии ҳар як шахси мансабдор аст ва мову шумо бояд ба ҳар як нуктаи он содиқу масъул бошем”.
Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 6 ноябри соли ҷорӣ пирӯз омада, барои бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай баъд аз адои савгандаш дар 16 ноябри соли ҷорӣ ба ташкили ҳукумати нави худ оғоз карда, бархе аз вазиронро аз мақомашон барканор ва бархеи дигарро аз ҷояшон ба ҷои дигар “кӯчонд”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, 13 узви ҳукумат ё худ 60 дарсади он иваз карда шуд ва синни миёнаи онҳо 52 сол аст.
Дар ҳоле ки ба қавли манбаъ, синни миёнаи ҳайати ҳукумати қаблӣ 56,7 сол будааст. “Ҳамаи аъзои ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар ҳукумати кишвар фаъолият дошт”,-омадааст дар торнамои раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |