Норозигии раиси нави Хатлон аз “Орел и решка” ва телефонбозӣ
Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси тозатаъини Хатлон аз Ғайбулло Афзалов, раҳбари пешини ин вилоят, бо феъли нарм, муошират ва бо лаҳни адабӣ ҳарф задан тафовут доштааст.
Ин бардошти бархе аз иштирокдорони вохӯрии раиси тозатаъини вилояти Хатлон буд. Оқои Гулаҳмадов дар рӯзи савуми такя задан ба курсии раиси вилоят фаротар аз 1 соат, бидуни даъвати намояндагони расонаҳои мустақил ва байналмилалӣ, бо камобеш 30 ходими ВАО-и давлатӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа мулоқоти хос анҷом дод.
Яке аз мусоҳибони мо бидуни бурдани номаш гуфт, “Афзалов дар маҷлисҳояш бо сад сиёсат ҳарф мезад, аммо Гулмаҳмадов бисёр мулоим сухан мегӯяд ва ҳатто илтифот намуда, аз калимаҳои РАҲМАТ ва МАРҲАМАТ низ кор мегирад. Ҳангоме ки фикрашро тақвият доданӣ мешавад, аз олимони хориҷиву худӣ иқтибосҳои ҷолиб низ ироа менамояд. Тассуроти ман ин аст, ки ӯ мактаби хуби сиёсатро гузаштааст ва аз китобу мутолиа низ дур набудааст”. Манбаи мо афзуд, мағзи асосии суҳбати ин раиси нави вилоят аз он иборат буд, ки журналист бояд натанҳо камбудиро инъикос намояд, балки аз пешравиҳо низ гоҳу ногоҳ ҳарф занад.
Сарчашмаи хабари мо илова кард, “танқид ҳам зарур аст, аммо меҳнати шабонарӯзии мардумро низ ба инобат гирифтан даркор. Дар баробари дастовардҳо, албатта, таърифи калон даркор нест, аммо ақаллан соҳибкоронро таъриф кунед, то онҳо беҳтар амал намоянд. Зеро имрӯз фаъолияти соҳибкорони вилояти Хатлон нисбат ба Суғд камтар аст ва маҳсулоти Хатлон як қисмаш аз хориҷа, як қисмаш аз Суғд меояд.”
Давлатшо Гулмаҳмадов дар ин сӯҳабташ аз барномаи “Орел и решка” ҳам ёдоварӣ намуда, аз ҷумла таъкид кардааст, “ба наздикӣ барномаи “Орел и решка”-и як шабакаи телевизионии украинӣ омада, шармандагии Тоҷикистонро баровард. Ва ин ба болои он буд, ки онҳоро муттасадиёни мо хуб меҳмоннавозӣ намуда, дар Варзоб бо қурутобу дигар зиёфаташон доданд. Онҳо дар барномаи хеш наҳ задаанд, ки тоҷикон дар рӯйи фарш мехобанд, хӯрокро бо даст мехӯранд ва ғайра. Вале инро ба инобат нагирифтаанд, ки рӯйи фарш хобидан барои миён манфиат дорад ва на танҳо мо, балки дигар мардуми Шарқ ҳам ба ин монанд урфу одатҳо доранд. Яъне, танҳо камбудӣ кофтаанд ва дар ин баробар ВАО-е зарур аст, ки ба онҳо ҷавоби шоиста гӯяд”,-гуфтааст раиси вилояти Хатлон.
Ба қавли манбаи иттилоъ, Гулаҳмадов оид ба баъзе мушкилоти кунунии вилоят низ дар ҳузури ВАО-и давлатӣ дарди дил кардааст. “Ҳоло дар дасти ҳама телефон ҳаст ва шуморааш хеле бисёр шудааст, ки шояд ниёз ба пешгирӣ ҳам дошта бошад. Имрӯз дар бозор модели нави телефон пайдо шуд, пагоҳ мебинӣ, ки зан ё фарзанди муҳоҷири меҳнатии мо аллакай аз он харидорӣ кардааст. Мо таҳлил карда баромадем, пуле, ки мардикорони мо равон мекунанд, аксаран ё куртаи зан ё гӯшворӣ ӯ мешудааст. Мардумро тарбия кардан даркор, худдориро омӯзонидан зарур. Ва яке аз сабабҳои оилавайронӣ низ ҳамин исрофкорию телефонбозӣ аст”,-гуфтааст Гулаҳмадов ва таъкид кардааст, ки “ВАО бояд дар ин масъалаҳо ташвиқоти созанда баранд”.
Давлатшо Гулмаҳмадов бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 ноябр аз раисии шаҳри Турсунзода барканор ва раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Гулмаҳмадови 52-сола зодаи ноҳияи Данғара буда, дар ин маснад Афзалови 65-соларо пас аз 7 соли фармонравоӣ иваз кард.
Муҳибуддини СОБИР,
“Озодагон”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |