Бахшҳо
29 ноя 2013 21:21Тоҷикистон / Сиёсат

Барканории вазири молия ва вазири нақлиёти Тоҷикистон

Сафаралӣ Наҷмуддинов бо фармони Эмомалӣ Раҳмон курсии вазири молияро холӣ карда, онро ба ихтиёри Абдусалом Қурбонов, акнун собиқ директори Директсия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент гузошт.

Абдусалом Қурбонов 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.

Вай солҳои 1995-2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 2006 то ҳол дар вазифаи раиси Диретксия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор мекард. Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени “Шараф” дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Сафаралӣ Наҷмуддинов тайи 13 соли охир вазири молияи Тоҷикистон буд. Вай 62 сол дорад ва дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Хайрулло Асоев бошад, дар симмати вазири нақлиёт Низом Ҳакимовро иваз кард. Вай 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 1988 Мактаби олии Ҳизби коммунисти шаҳри Тошкандро бо ихтисоси ташкилотчии ҳизбӣ хатм кардааст.

Аз соли 2009 дар мақоми муовини аввали директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар мақоми директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Роғунгэсстрой” фаъолият дошт. Узви Маҷлиси Миллӣ мебошад.

Низом Ҳакимов тайи бештар аз 2 сол дар мақоми вазири нақлиёт фаъолият дошт. Ӯ 4 октябри соли 1962 дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси иқтисодчӣ (баҳисобгирии бухгалтерӣ) ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ (роҳҳои автомобилгард ва бандарҳои ҳавоӣ) хатм кардааст. Оқои Ҳакимов тӯли солҳои 2001-2011 директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо буд.
Мӯҳр
Низом Хакимовро бехуда гирифтаанд мутахасиси хуб буд мумкин ягон "камбуди"карда бошад бечора.

Вах ин Акаи Абдусалома воротники куртааш чанд бошад

хакдод
Аз ин вазири сохтмончи, ки кораш лою хишту чубу санг аст, хамон вазири донишманди ба нафакарафта бехтар буд.

ДОШ
БЕХТАРИН ИНСОН! АКОИ НИЗОМ ХАКИМОВ ГАП ДАР ВАЗИФА НЕСТ ДАР ИНСОН АСТ! ИНСОНИ ХУБ МОНЕД! АЗ ВАЗИФА ГИРИФТАНИ ШУМО,,,,,,,,,,,,,,,

хонанда
ман хело гамгин шудам ки чунини шахси бомаърифатро аз рохбари дур намудаанд афсус ман бо ин шахс шинос хам набудам аммо шунидам аз чандин нафарон бо маърифат ва рохбари бехтарин буд Низом Хакимов

Низом Хакимов дар хакикат хамчун инсон ва хамчун Вазир бехтарин буд дар ин вазифа. Бо зердастонаш муомилаи хуб дошт,чихати одамгарияш хам дар сатхи баланд буд.Кордони хирфаи ва бомаърифат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)