Зодрӯзи Кароматулло бе консерти Нозияву Муҳаммадрафӣ
Хонавода ва дӯстону наздикони шодравон Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони тоҷик, мегӯянд, дар ҳеч вазъу шароите ӯро аз ёд нахоҳанд бурд. Ба қавли онҳо, агар Кароматулло қурбони ҷанги дохилӣ намешуд, имрӯз -- 29 ноябр ба синни 52 мерасид.
Муҳаммадрафӣ, писари шодравон Кароматуллоҳи Қурбон, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯву Нозия ҳар сол дар рӯзи мавлуди падарашон консерт баргузор мекарданд, аммо ба қавли ӯ, имсол фурсат даст надодааст. “Имрӯзҳо ба мо аз дуру наздик занг мезананду мепурсанд, чаро имсол консерт нашуд. Бале, фурсат даст надод. Аммо ҳатман соли оянда онро бо баргузории як консерти бузург ҷуброн хоҳем кард”,-афзуд ӯ.
Кароматуллоҳи Қурбон, яке аз овозхонҳои маъруфи тоҷик, 29 ноябри соли 1961 ба дунё омада, дар мохи октябри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кушта шудааст. Вай он замон дар дастаи маъруфи “Гулшан” фаъолият дошт. Мақомот дар рӯзи марги Кароматуллоҳи Қурбон рӯзи мотам эълон карда буданд.
Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло, фарзандони ӯ, ҳоло ба ҳайси овозхон фаъолият доранд ва ҳар кадоме аз маҳбубияти вижаи тамошогар бархӯрдоранд. Нозияи Кароматулло дар ҳоли ҳозир яке аз овозхонҳои пешсафи эстрадаи тоҷик аст, ки соли 2010 Консерваторияи шаҳри Деҳлии Ҳиндустонро хатм намудааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |