ВКД мегӯяд, Парвиз аз рӯи рашк Алишерро куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Алишери Мансур, сокини 20-солаи ноҳияи Ҳисор, Парвиз Раҳимови 29-соларо боздошт намудааст.
Бар асоси иттилои ин ниҳод, куштор дар заминаи рашк сар задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз 20 то 28 ноябри соли 2013 Алишери Мансур дар асоси муроҷиати волидонаш ҳамчун шахси гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Вале гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯии Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ муайян намудааст, ки "Парвиз Раҳимов, соли таваллудаш 1984, рӯзи 15 ноябр, тахминан соати 15:00 Алишери Мансурро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, аз ҳиссиёти рашк нисбат ба ҳамсараш, ӯро зери лату кӯб қарор медиҳад ва бӯғӣ карда, ба қатл мерасонад. Сипас, ҷасадро дар чуқурии ҳавлии истиқоматиашон пинҳон намудааст.”
Мақомот мегӯянд, айни ҳол аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |