Боздошти муттаҳамони қатли хонаводаи Халлоқовҳо дар Чоркӯҳ
Бо иттиҳоми қатли хонаводаи Халлоқовҳо дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара панҷ шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд.
Дар ин бора Хушариф Амаков, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Ҳоҷа Устози Валӣ дар Чоркӯҳ, ҳангоми намози ҷумъа хабар додааст. Ӯ барои боздошти ин афрод аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ва сокинони Исфара изҳори сипос карда, гуфтааст, қотилон ҳамагӣ шаҳрвандони Қирғизистон будаанд. "Се нафари онҳоро дар Нижний Новгороди Русия боздошт намудаанд",-афзудааст ӯ.
Аммо дар як тамоси телефонӣ ба "Озодагон" имом-хатиби масҷиди Хоҷа Устози Валӣ гуфт, худ аз ҷузъиёти ин ҳодиса хабар надорад ва танҳо бо хоҳиши мақомот ин хабарро ба сокинони Чоркӯҳ расондааст. Дар ҳамин ҳол, Раёсаати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти муттаҳамони қатли хонаводаи Халлоқовҳо изҳори бехабарӣ карданд.
Шаби 19 ба 20 августи соли ҷорӣ афроди мусаллаҳ ба манзили Халлоқовҳо, ки дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст, ҳамла карда аъзои оиларо парондаанд. Дар натиҷаи он 4 узви ин хонавода -- Бобо Ҳаллоқови 61-сола, ҳамсараш, духтараш, ки ба меҳмонӣ омадааст ва наберааш ба ҳалокат расиданд. Бар асоси иттилои мақомоти пулиси тоҷик, набераи 12-солаи соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ҷон бохтааст. Дар лаҳзаҳои аввали ошкор шудани ин ҳодиса Қурмонакун Матенов, сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти як гумонбар ба куштори хонаводаи Халлоқовҳо хабар дода буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |