Бахшҳо

Қаноат дар бораи Бозор Собир, тамаллуқкорӣ ва хатари гуфтани камбудиҳо

Мӯъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, ки ахиран аз мулоқоти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо адибону омӯзгорони адабиёти собиқ шӯравӣ, баргашт, дар суҳбат бо “ИмрӯзNews” оиди муҳтавои мулоқот, шеъру шоирии имрӯза, тамаллуқгароиву манфиатҷӯиҳо, вазъи муҳоҷирон ва гузаштан ба хатти форсӣ изҳори назар кардааст.

Муъмин Қаноат мегӯяд, ки бисёре аз иштирокдорони мулоқот бо Путин эътироф намудаанд, ки адабиёт тамом шуд – «в тупике». Ӯ шарҳ додааст, ки ин ҳолат танҳо дар Русия нест: “Мисол, дар мо. Масъалаи таълиму тадриси адабиёт дар мактабҳо нест, вуҷуд надорад. Яъне он чизе ки дарс медиҳанд, хато аст, аҳамият надорад, барои инсонсозӣ нақш надорад. Энергия надорад. Он чизе ки мо ба мардум мегӯем, мурда аст. Ҳамааш мурдааст. Мурдае, ки 21 сол наҷунбонданд, вайро чӣ хел зинда мекунӣ дигар? Аз нав инҳо дар Русия мехоҳанд ҳамонро зинда кунанд. Ҳам робитаҳо, ҳам пайвандҳо, усули таълим, омӯхтан… Ба хулосае омаданд, ки бунёд ва решаи ҳама фарҳанг адабиёт аст, ҳофиза аст, китоб аст, андеша аст, пешгӯӣ ва калом аст дар он. Каломе, ки аз Худованд омадааст.”

Муъмин Қаноат дар мавриди шеъру шоирии имрӯзаи тоҷик гуфтааст, “имрӯз одамони боистеъдодро даъват намекунанд. Истеъдод як тараф мондагӣ. Онҳое, ки як чизи нав мегӯянд, дар як тараф мондаанд. Ҳозир тамаллукгӯёну хушомадгӯёне, ки ҳастанд, ҳамонҳоро ҷалб мекунанд. Аз шогирдони зӯре, ки ман дорам, ҳеч кадомашонро ба маҷлисҳо даъват намекунанд. Ба хотири он ки шеъри онҳоро инҳо намефаҳманд.”

Ин шоири халқии Тоҷикистон гуфтааст, дар адабиёт ба ҳар ҳол, одамони боистеъдод ҳастанд: “Лекин охир Лоиқ барин шахсро бароварда наметавонанд-ку, ё Бозор барин ба ҳамин девонагиҳояш, Гулрухсор барин одами размандаро бароварда наметавонад-ку. Инҳоро ман тарбия кардам. Шогирони мананд инҳо. Ғоиб Сафарзодаву дигару дигарҳояш, ҳама ҳамин гуруҳ шогирдони мананд...”

Муъмин Қаноат эътироф намудааст, ки аз як тараф ин ҳама таъсири замона аст: “Албатта, таъсири замона аст. Аз як тараф корҳои хуб одамро ба илҳом меоранд, аз тарафи дигар, камбудиҳо бисёранд. Агар ҳамаи ин камбудиҳоро гӯӣ, ба зери танқиди нафарони шаккок мемонӣ, гуруҳи опозитсионӣ ҳисобат мекунанд. Инҳо на дасти кушод ва на дили кушод доранд. Дар аъроф мондагианд...

Дар мавриди гузаштан ба хати форсӣ Муъмин Қаноат афзудааст, ки “зарурат дорад, аммо на имрӯз. Шояд як қисми корҳоямонро дар баробари кирилӣ ба хатти форсӣ кунем. Чунки дар ИДМ ҳастему тағййри хат ба муносибатҳо дар арафаи воридшавӣ ба созмонҳои ҷаҳонӣ сардӣ ба вуҷуд меорад. Вақташ, ки расид, бозгаштан мумкин аст. Агар имрӯз ба хатти форсӣ баргардем, он характери сиёсӣ ва мазҳабӣ мегирад. Фикр мекунанд, ки ба мо фишор оварданд ва мо ба хатти характери исломидошта баргаштем. Вақташ, ки омад, баъд кардан даркор. Чунки кореро пеш аз муҳлат кардан зиён меораду манфиат не. Имкон дорад, ки дар баробари истифодаи хати криллӣ ягон сохтори дигар барои истифодаи хати форсӣ дар китобҳои ҷашниро роҳандозӣ кунем.”

Дар бораи он, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чӣ нақше метавонад, барои бозгашт ба хатти ниёгон дошта бошанд, Мӯъмин Қаноат гуфтааст, “ин иттифоқро таъсири замони шӯравияш нест. Аввал ин ки роҳбарияташ куҳнакор аст, ё зӯрашон барои нав кардан намерасад. Кам-кам ҷуръату ҷасорат на ҳама доранд. Ҷуръату ҷасорат бошад, маълум аст, ки ба чӣ кор меанҷомад. Ҳама эҳтиёт мекунанд, метарсанд.”

Ин шоири халқии Тоҷикистон инчунин аз тарбияи инсонҳои нав дар кишвар интиқод намудааст: “Сохторҳоро шикастанду навашро сохта натавонистанд. Иморатро сохтем. Дар даруни иморат инсон муҳим аст. Вагарна чӣ даркоранд иморатҳо? Қолабҳои беруҳу равон…Охир гӯри худатон мешавад ҳамон чизҳои сохтаатон. Пеш аз ҳама инсонро сохтан даркор, баъди он иморатро мувофиқи ҳамон.”

Муъмин Қаноат ба мавзӯи муҳоҷирати тоҷикон ба Русия низ дахл карда, кори заифи сафорати Тоҷикистонро дар Маскав сарчашмаи бисёри бадбахтиҳои муҳоҷирони тоҷик хондааст. Ӯ афзудааст, ки дар мулоқот бо Путин дар Маскав ба мавзӯи муҳоҷирон дахл карданд: “Баҳси аз ҳама шадид-ҳамин масъалаи муҳоҷират шуд. Гуфтем, ки ИДМ-ро ба ҳамкорӣ даъват мекунеду ба сохторхои муштарак дохил карда истодаед, барои чӣ намегӯед, ки дар бозору корхонаҳо ҳамин мардумро таҳқир накунанд? Путин гуфт, «ман амр додам, ҳамин нишасти имрӯза барои ҳамин аст, ки фикри ҳамаатонро фаҳмам. Чӣ пешниҳод мекунед? Гуфт, ман фармон додам аллакай, ки ҳар касе ҷиноят накардааст, касе, ки зоҳиран шак мешавад, вайро дастгир накунеду азоб надиҳед. Чунки ин шак метавонад хато бошад. Бояд қонунмандӣ дошта бошед, ки чӣ кори бад кардааст, ки ҷазо медиҳед. Агар аз нодонӣ карда бошад, вайро бахшидан мумкин. Агар қасдан карда бошад, ин масъалаи дигар аст. Кормандони мо пулису дигару дигар, мераванду меқапанду ихроҷ мекунанд. Ман гуфтам, ки парвандаи ҷиноӣ кушоед, тафтиш кунед, ки ҳамин одам ҷиноят кардааст, ҳамаро таъин кунед, баъд аз он касе гуноҳ карда бошад, қонуни нисбаташ чора ҷӯед...”

Муъмин Қаноат таъкид намудааст, ки даъват шуданаш ба мулоқот бо Путин маънои зери таъсири сиёсати ин кишвар монданаш нест. Ӯ таъкид намудааст, ки ягон бор зери таъсири сиёсати касе ё гуруҳе намондааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
рохгузар
Сарчашмаи асосии камбудии мардуми точик - модари миллат гулрухсор сафиева хаст. Аз устоди мухтарам - Муъмин Каноат илтимос мекардам, ки номи хамаро ба забон ораду, номи гулрухсор барин хоини давлату миллатро ХЕЧ ГОХ ба забон наорад. Чунки тамоми азобу машшакати мардуми мо махз аз чунин махлукот ба вучуд омадаанд.

зинда боши устоди адлу адолату гамхори милату ватан вокеият инсони хакики хасти бо ехтиром шахрванд хондаму лазат бурдам аз гуфтахои боло

шахриёр
Устоди азиз хамаи гапхот рост. Афсус ки хонахо ва иморатхои ачибу гариб ва бхашамат сохтаем вале дар дарунаш фарханг нест Дар дарунаш холи

офарин ба шумо устоди азиз Барои суханхои бехтаринатон! Аммо ман якчиро мехохам кайд кунам, мо харчи зуд ба хати худ форси гузарем хубаст! Мо имруз агар бо хати форси нагузарем боз фардо шояд,ки забонамонро аз даст дихем!!!

Tojik
Устод,
Хакимо чу кас нест гуфтан чи суд?...
Диктатура дорем, Демократия дар когаз.

Некбин
Зинда бошед. Хуни точики доред,вичдон азобатон медихад,ки аз хукуки халки худ дифоъ кунед. Масъалаи мухочират асоси поймолшавии хукуки точикон аст. Коре ки хамон гуфтаатон оид ба мухочиронро сафорат чи, Чаноби оли нагуфтааст. Ба Шумо гап нест!

Шогирд
Бе Пир нарав, ки дар бимони,
Харчанд Сикандари замони!
Каноат - Пири Кор ва Пири Миллати Точик аст.
Хамеша сухбаташ ё ишорааш барои Точик асар дорад.
Ман фикр мекунам мо Точикон имруз танхо 1 шахси милли дорем, ин Устод Муъмин Каноат аст, ки хама кишрхои чомеъа ва дар хама гушаву канори Точикистон Устодро кабул доранд. Ин хакикати хол аст. Ман хушхолам, ки мо то хол дорем шахсе, ки дар фикри руху чони Миллат аст.
Зиндаву саломат бошед Устод!!!

рохгузар,
рохгузар аз Худо тарс тухмати ногахон ба сарат наояд наход як зан ба ин корхо кодир бошад е хасуду бухлу кина дори хайфат бо ехтиром

Мавритани
Шогирд,
Шогирд,
Зихи устоди шеъри точик!Хамеша-дар фикри нангу номуси миллати,аммо чоплусон Шуморо низ озор доданд.Маълум мешавад,ки ин миллат мукаддасот надорад!

Дилшод
Ман ба шахсият ва осори устоди гироми Муьмин Каноат бисер эхтиром дорам. Шукрона мекунам, ки чунин бузурге аз зиеиени аккалият дорем. Рости, Устод барои мо ганиматанд ва ба хар яки мо лозим аст, ки кадри ин бузурги миллатро донем. Бешак, ин шахсият дар радифи устодони замони мо Мухаммадчон Шакури, Камол Айни, Бахриддин Камолиддинов ва дигарон карор доранд. Имруз моро зарур аст, ки гузаштагони ин кишрро эхтиром ва дар хает будагонашонро эхтиет намоем. Вакте ки дар огоз матни болоро хондам, аз суханони пуртаьсири Устод ба эхсос дода шуда ва гиристам, зеро каломи Устод пуртаьсир ва хакикат аст. Ба шархи шорехон таваччух кардам, ки шояд нафаре бошад, ки аз суханони Устод эрод гирифта бошад, аммо хушбахтона, хама чонибдори Устод ва каломи у будаанд. Албатта, ин далели бузургии Устоди гироми Муьмин Каноат аст, ки касе чурьат ва иродаи баен кардани камбудии уро надорад. Зинда бошед, Устоди гироми! Худованди бузург нигахбони Шумо бод.

Устоди бузургвор, Чи лозим ба хати форси гузаштан. ин хати миллии мо нест, онро дар асри 8-и мелоди барои забони точики-дари мутобик карданд. Акнун аз нав боз ба асри 8 баргардем, аз ин чи фоида мебинем. Хар гуна таблигот дар бораи гузариш ба хати форси максади исломизатсияи чомеаи моро дорад. Хати крили низ ба вижагихои савтии забони точики пурра мутобикат мекунад. Касе хохад хати форсиро омузад. Барои ин холо тамоми шароит вучуд дорад. Дар мактаби миена хам холо ин хат дарс дода мешавад. Бигузор чавонои мо хати форси ва дигар хату забонхоро донанд.

Колумбия
Вокеан, суханхое, ки дархурди дили мардум аст, аммо афсус ва боз хам афсус мегуем. Чаро? Чунки ин рохандозии давлат хамон усулхои кухнаи тагйирдихии кадри асту шаклсози ин чо сиратсозиву маънисози нест

мухаммад
шеъри у ямок аст ба шамшери харисон кахри ту давоест ба чашми курдилон

Чаноби Мухлиси ашъор шумо гуед, ки мо пеш аз асри 8 чи доштем? Тамоми гузаштагони мо бо хамин хатт (форси) навиштанд, хонданд ва эчод карданд. Аз хама мухимаш ганчинаи гузаштагони мо бо хамин хат хаст!

Лоиқ, Бозор, Гулрухсор - шогирдоне, ки устодро дар ҷодаи ҳунари хеш гузаштаанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)