19-уми август дар Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии палатаи поёнии парлумон баргузор мегардад.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттиллоъ доданд. Тибқи иттиллои манбаъ, президент Эмомалӣ Раҳмон ахиран фармонро ба имзо расонид, ки дар асоси он ва мутобиқ бо моддаи 52-и Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум 19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад. Ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешниҳод карда шавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр