Додгоҳ ҳомии ҳуқуқро нуҳ миллион ҷарима кардааст
Додгоҳи шаҳри Тошканд Шуҳрат Рустам, ҳомии ҳуқуқро дар туҳмат муттаҳам ва ӯро ба пардохти нуҳ миллион сум, муодили 3250 доллар ҷарима муваззаф кардааст.
Шуҳрат Рустамови 61-сола дар оғози баррасиҳои додгоҳӣ, ки 23 октябр шурӯъ гардид, ҳамчунин дар буҳтон ва эҷоди хатар дар сохти конститутсионӣ муттаҳам мешуд. Дар охирин мурофиа прокурор аз додгоҳ 6,5 сол маҳрумият аз озодии ӯро талаб кард. Аммо додгоҳ танҳо бо бастани ҷарима иктифо кардааст.
Бо ин ҳол гуфта мешавад, ин ҷазо ҳам барои Рустамов сангин аст, зеро ӯ ҳамагӣ дар ҳаҷми 120 ҳазор сум нафақа мегирад ва пардохти ин маблағ барояш имконнопазир мебошад. Ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рустамов аз низои як деҳқон бо исми Алиқул Саримсоқов бо раиси ноҳияи Зомини вилояти Ҷизах Ускан Азимов боз шуд. Саримсоқов чор сол қабл (худи ӯ мегӯяд бо қаллобкориҳои раиси ноҳия) дар қаллобӣ муттаҳам шуда, якуним сол дар СИЗО нишаст ва баъдан се сол шартан махкум шуд. Баъди ин вай аз ҳукм шикоят бурда, фаъолияти раиси ноҳияро зери танқид гирифт. Дар посух ҳукумати ноҳия ба пулис шикоят бурд. Дар асоси ин ариза 30 майи соли равон алайҳи Алиқул Саримсоқов аз рӯи моддаи туҳмат парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Охири моҳи август бошад, суди ноҳияи Шайхантохур нисбат ба Шуҳрат Рустамов, ки мехост ҳуқуқҳои Саримсоқовро ҳимоя кунад, низ бо ҳамин ҷурм парванда боз кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |