Ёқуби Саид: "Дар Ватани мо кафолат мурдаасту интизом нафасгир"
Ватани мо ба як маҳдудаи бе назму тартибе бадал мешавад. Бо гузашти ҳар рӯз ҳарфи он сиёсатмадоре, ки гуфта буд: “Тоҷикистон дар ҳолати автопилот қарор дорад”, эътибори бештар пайдо мекунад.
Назми кафолатҳои иҷтимоии мо барҳам хӯрдааст, интизоми рӯзгори мо зеру рӯ шудааст, тақрибан дар ҳамаи умур ояндаи номафҳумеро пеши рӯ дорем. Чаро чунин шудааст? Ё худ, чаро ғайриихтиёр ба сӯи номафҳумӣ ҳаракат мекунем?
Чанд рӯз муқаддам яке аз дӯстонамро, ки масъулияти кӯчакеро дар як идораи давлатии тобеи Вазорати маориф ва илм ишғол карда буд, бидуни огоҳии қаблӣ аз кор барканор карданд. Дӯстам мегуфт, далели муътамаде барои аз кор ронданаш мавҷуд нест. Метавон шубҳа дошт, ки шояд асли ҳодиса воруна бошад, вале “далел”-еро дар идомаи суҳбаташ он дӯстам зикр кард, ки ҳамаи шубҳаҳоро пушти по мезанад. Гуфт, тақрибан як моҳи пеш мудири идора иваз шуд, баъд аз ду ҳафтаи кориаш як субҳ ҷаласа доир карду ҳар касеро хост, гузошт ва онеро, ки нахост, ронд.
Дар ҳоле ки Кодекси меҳнати Тоҷикистон кафолати таъмини ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро додааст, аммо иродаи як роҳбар бо далелу бе далел аз ин Кодекси 228-моддаӣ вазни гаронтаре дорад ва ҳар гоҳ, ки бихоҳад кафолатҳои иҷтимоии моро барҳам мезанад. Дигар на додгоҳе ба додат мерасад ва на додгустаре. Аз ин даст мисолҳо хеле зиёданд, вале он чи ки камёфт аст, таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон аст.
Бо ин ҳол, танҳо идораҳои давлатӣ нестанд, ки назму тартиботи иҷтимоиро риоя намекунанд. Бахши хусусӣ достони ҳайратовартаре дорад.
Иттифоқан як дӯсти дигарам дар ин асно, ки иҷоранишин аст, лаб ба шикоят кушод, ки соҳиби хонаи иҷорааш бидуни огоҳии ӯ манзилро ба каси дигар фурӯхтааст. Соҳиби нави манзил аз ин дӯсти иҷоранишинам талаб кардааст, дар кӯтоҳтарин фурсат манзилро холӣ кунад. Дӯстам мегӯяд, дар ҳоле бо соҳиби аввалии манзил шартномаи 3-сола доштаанд, вале ин иттифоқ пеш омадааст, ҳамакнун намедонад ба куҷо муроҷиат намояд ва талаби таъмини кафолат кунад.
Набуди кафолат тору пуди зиндагии моро танидааст. Мо ба табибон барои дармон ёфтан муроҷиат мекунем, пул пардохт менамоем, вале кафолат надорем, ки шифо хоҳем ёфт. Фарзандонамон ҳар субҳ ба мактаб мераванд, вале кафолат надоранд, ки таълиму тарбия мегиранд, донишҷӯёнамон ба мактабҳои олӣ мераванд, вале кафолат надоранд, ки дониш меомӯзанд. Танҳо дар ватани мост, ки диплом доштан кафолати соҳиби кор шуданро таъмин намекунад.
Рӯзу рӯзгори мо бидуни интизом аст. Дар Душанбе субҳ аз як кӯча убур мекунед боз аст, бегоҳ ки мехоҳед аз ҳамон роҳ баргардед, аллакай баста аст. Ин беинтизомӣ танҳо дар Тоҷикистон аст, ки барои убур ё сайру гашти кадом як меҳмони номгуми хориҷӣ соатҳо роҳҳои марказии шаҳрро бибанданд, барои меҳмонони дохилӣ метавонанд рӯзҳо ин беинтизомиро идома бидиҳанд. Дар натиҷаи ин беинтизомиҳо назми рӯзгори мо ба ҳам мехӯрад.
Танҳо дар баландошёнаҳои Душанбе аст, ки бе огоҳии қаблӣ об хушк мешавад, барқ қатъ мегардад. Дар натиҷа назми рӯзгори мо бар ҳам мезанад ва субҳ бо либоси дарзмолнашуда, рӯйи ношуста, табъи хира аз дар берун мешавем.
Чаро чунин аст? Он чи ба зоҳир ҳувайдост, ин аст ки шоистасолорӣ дар ватани мо ҳоким нест. Дар ватани мо ба шаҳрвандон аз рӯи дараҷаҳои дониш, лаёқат, шоистагӣ, соҳибтаҷриба будан арзиш қоил намешаванд. Ҷойи ин ҳамаро садоқат ба раҳбар ва “бачаи хуб” ё “духтари хушрӯ” ишғол кардааст.
Инҳо ҳама даст ба дасти ҳам ниҳода, моро ба вартае расонидаанд, ки намедонем фардоямон чи гуна хоҳад буд. Пасфардоямон чи, соли оянда, панҷсол ба баъд… чи рӯзу рӯзгоре хоҳем дошт. Дар ватани мо кафолат мурдааст, интизом нафасгир аст… “Имрӯз зинда бимонем, фардоро як илоҷ мекунем” - ҷои тартибу интизом ва кафолатро гирифтааст. Вале бо ин аҳвол то фардо зинда хоҳем монд?
Ёқуби САИД,
журналист Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |