Парлумон тарҳи “ахта” кардани педофилҳоро пуштибонӣ накард
Турсунбой Боқир уулу ва Достон Бекешев аз ҳизби “Ору номус”, Ширин Айтматова аз “Ота Макон” ва Торобой Зулфиқоров аз Ҳизби сотсиал-демократ тарҳи конунеро пешниҳод карда буданд, ки бо роҳи химиявӣ (шимиёӣ) ахта кардани педофилҳоро иҷозат медод.
Ба пешниҳоди муаллифони тарҳ чанд моҳ қабл аз раҳоӣ аз маҳбас ба афроде, ки бо чунин ҷурм зиндонӣ шудаанд, ҳормонҳое ворид мешавад, ки фаъолнокии шаҳвониро паст мекунад. Тарҳи қонун дар се баррасӣ аз сӯи намояндаҳо пуштибонӣ ёфт, аммо Алмосбек Отамбоев, президенти кишвар онро дастгирӣ накард.
Оқои Отамбоев пешниҳод намуд, муҳлати адои ҷазои онҳое, ки дар анҷоми ҷиноёти марбут ба таҷовуз бо ноболиғон муҷрим шинохта шудаанд, бештар карда шавад. Барои дар шакли аввал тасдиқ шудани тарҳи қонун мебоист 80 раъй бигирад, аммо замони овоздиҳӣ аз 95 вакил танҳо 70 нафар ба он раъйи мусбат ва 25 каси дигар алайҳи қабули он овоз додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |