Базми шеъри Бозор Собир дар зодгоҳаш – Файзобод
Бозор Собир, шоири маъруф, ки моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Душанбе омадааст, 29 ноябр дар Файзобод бо алоқамандони шеъраш мулоқот мекунад. Бино ба иттилои як манбаъ, ин вохӯрӣ баъд аз зуҳр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод баргузор хоҳад шуд.
Ахиран, аз ҷашни 75 солагии Бозор Собир дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе таҷлил шуд, ки қарор аст шоми шанбеи 30 ноябр аз тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шавад. Аз ин пеш, телевизонҳои Тоҷикистон вохӯрӣ ва маҳфили шеъри ӯ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи оби Роғунро намоиш дода буданд.
Бозор Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.
Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.
Ӯ нафаре дониста мешуд, ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашид.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |