Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар моҳи ноябр маълум шуданд
Ҳасан Рустамов, ҳимоятгари клуби “Равшан”-и Кӯлоб, Рустам Хоҷаев, сармураббии тими “Хайр”-и Ваҳдат ва Равшан Эшматов, довар аз шаҳри Қӯрғонтеппа мутаносибан беҳтарин футболбоз, беҳтарин тренер ва беҳтарин довари чемпионати Тоҷикистон дар моҳи ноябр эътироф шуданд.
Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар пайи назарсанҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон муайян мешаванд. Бо ташаббуси ФФТ ҳар моҳ доварони махсус вазъи мусобиқотро баррасӣ ва беҳтаринҳои моҳ – бозигар, тренер ва довари мусобиқоти Тоҷикистонро муайян мекунанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Ҳасан Рустамов, Рустам Хоҷаев ва Равшан Эшматов дар ҳаҷми 500 сомонӣ (барои ҳар кадом) ҷоиза тақдим кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |