Иҷозаи Убайдуллоев ба идомаи сохтмони Бохтар-46 ва Шотемур-25

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои идомаи сохтмони биноҳои баландошёнаи "Шотемур-25" ва "Бохтар-46"-и пойтахт дубора иҷозат додааст. Эраҷ Олимов, вакили саҳмдорони бинои навбунёди Бохтар-46, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, баъд аз муроҷиаташон ба Убайдуллоев ва дастгоҳи раисиҷумҳур мушкили онҳо ҳал шудааст.
Ҳудуди се моҳ пештар Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар доираи нақшаи генералии пойтахт, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»-и Маскав нав шудааст, қарор намуда буд, 36 бино аз маркази Душанбе бардошта шаванд. Инчунин, дастур шуд, сохтмони чанд бинои баландошёна, ки дар ҳоли анҷомёбиянд, то мувофиқа бо нақшаи нави генералӣ боздошта шавад.
Оқои Олимов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, раёсати меъмории шаҳр барои сохтмони бинои истиқоматии Шотемур-25 ва Бохтар-46 дубора иҷозат додааст: “Дар раёсат гуфтанд, биноҳои истиқоматии Шотемур-25 ва Бохтар-46 ба нақшаи нави генаралии Душанбе ворид шуданд ва мо метавонем сохтмони биноҳоро идома диҳем. Пагоҳ, 29 ноябр, аз раёсат ҳуҷҷати расмии сохтмонро гирифта, ба кори он шурӯъ хоҳем кард.”
Ёдрас мекунем, барои сохтмони ин ду бинои баландошёна дар маркази Душанбе наздики 200 оила саҳмгузорӣ кардаанд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |