Ҳамсабақону омӯзгорон дар бораи Расули Амонулло
Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло -- раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки дар мактаби байналмилалии президентӣ дар маҳаллаи “Калинин”-и Душанбе таҳсил мекард, чанд моҳ аст, ба ҷои таҳсилаш ҳозир намешавад.
Дар ин бора ба “Озодагон” муаллимон ва ҳамсабақони Расули Амонулло хабар доданд. Номи Расули Амонулло баъд аз садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази Душанбе бо иштироки ӯ иттифоқ уфтода, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт, рӯи забонҳо омад.
Ҳамсинфони Расули Амонулло дар Мактаби байналмилалии президентӣ мегӯянд, ӯ аз аввали соли хониш ба мактаб наомада ва дар дарсҳо иштирок нанамудааст. Ба қалви онҳо, Расул соли гузашта дар ин мактаб мехонд ва имсол шояд ба ягон мактаби дигар гузаштааст, ки то ҳол дар мактаби президентӣ пайдо нашудааст. Мусоҳибони мо иброз доштанд, ки ӯ вақти дар ин мактаб хонданаш сари фармони мошин наменишаст. “Мисли баъзе аз хонандагони дигар ӯро ба мошин оварда мебурданд. Ба дарсҳо низ меомад. Аммо хеле шуд, ки Расулро надидаем. Хабар ёфтем, ки ба садама дучор шудааст”,-афзуданд онҳо.
Як омӯзгори Мактаби байналмилалии президентӣ, ки ба Расули Амонулло ҳангоми синфи 8 ва 9 буданаш дар яке аз гимназияҳои Душанбе ҳам таълим додааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Расул бачаи бад набуд. Ӯ, ки нахост номашро зикр кунем, афзуд, “Расул аз нигоҳи одобу ахлоқ бачаи баде набуд. Муносибаташ нағз буд, ба мактаб низ меомад. Дар дарсҳо иштирок мекард.”
Аммо маъмурияти Мактаби байналмилалии президентӣ ба далели кори бисёрашон аз сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” худдорӣ карда, дар бораи таҳсил ва муносибати Расули Амонулло чизе нагуфтанд.
Садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе номи Расули 16-сола ва падари ӯ – Амонулло Ҳукуматуллоро дар сархати расонаҳо қарор дод. Ҳоло Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ парвандаи маъмуриеро баррасӣ дорад, ки дар он модари Расул барои нақзи қонуни “масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон” муттаҳам мешавад. Ҳарчанд дар оғоз номи Расули Амонулло ба ҳайси муттаҳами садама ном бурда мешуд, ҳоло мақомот мегӯянд, ин садама бо гуноҳи Умар Шарифов рух додааст, ки дар сари фармони мошин буд. Вазорати умури дохилӣ алайҳи Умари 22-сола парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯро таҳти пайгард қарор додаанд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |