Духтари президент аз кинотеатрҳояш ҳам маҳрум шуд

Дар Узбакистон аз миён бурдани империяи тиҷории духтари бузурги президент Ислом Каримов идома дорад: дар шаҳри Тошканд кинотеатри “Премер-холл” ва маркази савдою фароғатии “Сити-Макон”-ро дар бастаанд. Дар ин бора торнамои uznews.net хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мавриди он ки ин ду маконро ғайриинтизор маҳкам кардаанд, эълони филмҳои нав, ки мебоист рӯзҳои наздик намоиш дода мешуд (дар “Сити-Макон” се кинотеатр дар вормати 3D, дар “Премер-холл” ду толор) тақвият медиҳад.
“Ҳоло онҷо холист. Танҳо чанд муҳофиз ва одамони ба корманди Хадамоти амнияти миллӣ мушобеҳро дидан мумкин аст”,-менависад манбаъ.
“Сити-Макон” яке аз бузргтарин кинотеатрҳои Тошканд маҳсуб меёбад, ки соли 2012 ба фаъолият оғоз кард. Он дар кӯчаи Байналминал, дар шафати Боғи миллии Узбакистон ба номи Алишер Навоӣ (дар гузашта Кӯли Комсомол) ҷойгир аст. Кинотеатри “Премер-холл” бошад, дар маркази пойтахти Узбакистон аст.
Давоми ду моҳи охир дар Узбакистон сарчашмаҳои даромади Гулнора Каримова яке паи дигар аз фаъолият бозмемонанд. Қаблан, фаъолияти радио ва телевизионҳои мутаалиқ ба ӯ қатъ гардид. Ҳамчунин мағоза ва дигар марказҳои савдои духтари бузурги президентро дар бастанд. 21 ноябр Гулнора Каримова аз баста шудани Фонди “Форуми фарҳанг ва санъати Узбакистон” хабар дод.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |