Пешниҳоди вакили қирғиз барои пайравӣ аз сиёсати Тоҷикистон дар умури дин

Дар парлумони Қирғизистон бархе аз вакилон пурзӯр намудани сиёсати давлат оид ба умури диниро пешниҳод кардаанд.
Канибек Усмоналиев, намояндаи мардумӣ аз Ҳизби ору номуси Қирғизистон, рӯзи 28 ноябр дар ҷаласаи парлумон вазъи динӣ дар кишварашро нигаронкунанда хонда, дар ин самт сиёсати бархе аз кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистонро ибратомӯз арзёбӣ кардааст.
Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Русия ва Чин сиёсати худ оид ба умури мазҳабиро ҷиддитар намудаанд. Аз ин рӯ, кишвараш низ бояд, аз онҳо дар ин самт пайравӣ кунад: “Чун дар сурати ғайр Қирғизистон “лона”-и тамоми гуруҳҳои ифротӣ-динии фироркарда аз ин кишварҳо мегардад.” Инчунин Усмоналиев гузаронидани Шӯрои мудофиа бо раҳбарии раисиҷумҳури Қирғизистонро барои ҳалли ин мушкил пешниҳод кардааст.
Ин вакили қирғиз бо ишора ба таблиғоти густурдаи динӣ дар Қирғизистон таъкид намудааст, ки “ҳоло дар макотиби миёнаи кишвар муҷоҳидони оянда тарбият меёбанд, ки маъмурияти таълимгоҳҳо ба танҳоӣ садди роҳи он шуда наметавонанд.”
Усмоналиев мақомоти амниятӣ ва корҳои дохилии Қирғизистонро зери бори танқид қарор дода, илова кардааст, ки ин ниҳодҳо дар ҳоли ҳозир танҳо бо омор сару кор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |