Боздошти тоҷикону узбакҳо бо иттиҳоми экстремизм дар Маскав
Мақомоти амният ва пулиси Маскав шаби 26 ба 27-уми ноябр, 15 нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмони экстремистии “Ат такфир вал Хичрат” боздошт кардаанд, ки миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон низ будаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Русия ҳангоми бозҷӯӣ аз боздоштшудагон маводи тарканда, таппонаҳо ва адабиёти экстремистӣ дарёфту мусодира шудааст.
“Ат такфир вал Хичрат” соли 1971 дар Миср ташкил шуда, моҳияти идеологияашон дар он аст, ки таҷрибаи дар хориҷ гирифтаашонро барои ҷорӣ намудани қоидаҳои шариат дар Ватанашон истифода мекунанд. Дар Русия аз соли 2010 инҷониб “Ат такфир вал Хичрат” ифротӣ эълон шуда, фаъолияташ мамнуъ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |