Изҳороти ВКД дар мавриди боздошти Тиллоев дар Маскав

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми ноябр, бо пахши як изҳорот корманди ин ниҳод будани Тиллоев Наҷибулло Нематуллоевичро, ки 26-уми ноябр бо як кило героин дар Маскав боздошт шудааст, рад менамояд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар мақомоти корҳои дохилӣ ягон нафар корманд бо ин ному насаб фаъолият наменамояд ва ҳуҷҷати корманди ғайриштатии милитсияе, ки аз ҷониби шуъбаи умури дохилии Фирдавсӣ ба Тиллоев ироа гардидааст, аз эътибор соқит дониста шудааст.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки корманди ғайриштатии Шӯъбаи корҳои дохилӣ ягон салоҳияти шахси мансабдор будани онро муайян намесозад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти пулиси Маскав як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, Тиллоев Наҷибулло Нематуллоевичро рӯзи сешанбеи 26-уми ноябр бо беш аз як килло героин боздошт кардааст. Дастгиршуда, ки дар хонаи зани русаш дар кӯчаи Палехски Маскав иқомат мекардаст, зимни боздошт шаҳодатномаи корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро пешниҳод кардааст.
Мақомоти пулис мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тибқи қонунгузории Русия барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми калон ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳабси абад таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |