“Тоҷикистони нав”-и Зайд Саидов ҷаласа доир мекунад

Гурӯҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав ҷаласаи навбатии худро рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад кард.
Маҳмудҷон Қосимов, муовини Зайд Саидов -- раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси Тоҷикистони нав, бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, дар ин ҷаласа баргузории анҷумани нахустини ҳизбашон баррасӣ хоҳад шуд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ бо роҳбарии соҳибкор Зайд Саидов гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ташкил ёфта буд. Танҳо баъд аз як моҳи эълон дар мавриди таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидов аз тарафи мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар фурудгоҳ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуд.
Оҷонсии мубориза бо фасод Зайд Саидовро ба тақаллубкорӣ, таҷовуз ба номус, сӯистифода аз мақом ва гирифтани ришва айбдор мекунад. Барои ҳимоят аз Зайд Саидов Кумитаи дифоъ низ таъсис ёфта буд, ки тасмим дорад рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи оянда бо баргузории ҷаласаи махсус масъалаи боздошт ва ба додгоҳ кашидани Зайд Саидовро баррасӣ намояд.д
Муҳокимаи парвандаҳои Зайд Саидов нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, қарор аст, то як ҳафтаи дигар ба анҷом бирасад. То кунун дар робита ба иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов нафароне мисли Низомхон Ҷӯраев, Дилшод Раҳимов ва Фаррух Муҳиддинов бозпурсӣ шудаанд ва ё шоҳидӣ додаанд.
Зайд Саидов аз соли 2002 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд, ки аз тарафи нерӯҳои мухолифин ба ин мақом пешниҳод гардидааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |