Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо муфтии Тотористон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Қазон бо Камил Самигуллин, муфтии Татаристон мулоқот намудааст. Ин вохӯрӣ рӯзи 27 ноябри соли ҷорӣ дар Идораи марказии муфтиёти Қазони Русия сурат гирифта, дар он ҷонибҳо ба масоили муҳоҷират, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мадориси исломии ин кишвар дахл карда, хоҳони ҳамкориҳои бештар шудаанд.
Раҳбари ҲНИТ дар идома аз муфтиёти Тотористон ба хотири дастгирӣ ва ҳамкорияш бо муҳоҷирони кории тоҷик ва фароҳам кардани шароити таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик дар мадориси исломии ин кишвар минатдорӣ кардааст.
Камил Самигуллин низ дар навбати худ нақши тоҷиконро дар паҳн намудани фарҳанги исломӣ бисёр муҳим хонда, аз қиссаи як муҳоҷирбачаи тоҷик, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор мекарду ахиран дар сархати расонаҳои русӣ қарор гирифта буд, ёдовар шудааст. Муфтии Тотористон аз амалкарди муҳоҷири тоҷик бисёр хушнуд гардида, гуфтааст, ӯ як ҳамёни муштарии худро пайдо карда, баъд аз чанд муддати пурсуҷӯ тавонист онро дубора бо тамоми маблағи дошта ба соҳибаш баргардонад.
Самигуллин дар идомаи дидор бо раиси ҲНИТ ва вакили парлумони Тоҷикисон дастовардхои муфтиёт, аз ҷумла итобхонаи электронӣ ва радиои интернетиро нишон додааст.
Тотористон яке аз ҷумҳуриҳо ва манотиқи мусулмоннишини Русия ба шумор меравад.
Маврид ба зикр аст, Муҳиддин Кабирӣ дар доираи як сафари худ ҳоло дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон қарор дорад. Раиси ҲНИТ ва вакили парлумони кишвар рӯзи 26 ноябр бо тоҷикони муқими ин минтақа мулоқотеро анҷом додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |