ҲНИТ мегӯяд, муносибати мақомот “нармтар” шудааст

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, баъд аз интихоботи президентии 6 ноябр муносибати мақомоти давлатӣ бо аъзои он нармтар шудааст.
Ба иттилои торнамои расмии ин ҳизб, рӯзи 27 ноябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе ҷаласаи моҳонаи бахшҳои он дар навоҳии тобеи марказ баргузор шуд. Дар ин ҷаласа раҳбарони манотиқи мазкури ҲНИТ иброз доштаанд, ки “вазъи муносибати сохторҳои қудратӣ бо аъзо ва масъулини ҲНИТ пас аз баргузории интихоботи президентии ахир ба эътидол омадааст.”
Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ дар ин идома аз раҳбарони бахшҳои минтақавии ҳизб хостааст, ҳар чӣ зудтар ва сари вақт ислоҳоти кадриро дар ин навоҳӣ ба роҳ монанд. Ин дар ҳорлест, ки вақтҳои охир, дақиқтараш то интихоботи 6 ноябр аъзо ва раҳбарияти ҲНИТ аз фишорҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон болои онҳо шикоят доштанд ва ҳатто бархе аз аъзои ин ҳизб, ки мехостанд, аз узвияти ҲНИТ даст кашанд, тариқи шабакаҳи телевизионии давлатии кишвар баромад карда, аз ин тасмимашон дарак медоданд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолиф дар ин кишвар маҳсуб мешавад, ки ба қавли масъулинаш дорои беш аз 40 ҳазор узв буда, торнамо ва нашрияи худро дорад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |