Боздошти “корманд”-и ВКД-и Тоҷикистон дар Маскав

Мақомоти пулиси Маскав як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки худро корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, шаҳодатномаи дахлдорро низ пешниҳод кардааст.
Тавре сомонаи расмии раёсати умури дохилии Маскав хабар медиҳад, шаҳрванди Тоҷикистон, Тиллоев Наҷибулло Нематуллоевич рӯзи сешанбеи 26-уми ноябр бо беш аз як килло героин боздошт гардидааст. Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда дар хонаи зани русаш дар кӯчаи Палехски Маскав иқомат мекардаст.
Худи сомонаи расмии пулиси Маскав таъйид мекунад, ки боздоштшуда шаҳодатномаи корманди яке аз сохторҳои қудратии Тоҷикистонро пешниҳод кардааст, ки аслӣ будани он айни ҳол мавриди тафтиш қарор дорад. Расонаҳои русӣ менависанд, шаҳрванди 24-солаи тоҷик, худро корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муаррифӣ намудааст.
Мақомоти пулис мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тибқи қонунгузории Русия барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми калон ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳабси абад таҳдид мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |