Сармураббӣ аз Рибери, капитан аз Месси пуштибонӣ карданд

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва капитани тими миллӣ дар интихоби беҳтарин футболбози ҷаҳон ширкат намуданд, аммо интихобашон аз ҳамдигар фарқ кард.
Муҳсин Муҳаммадиев Франк Рибери, нимҳимоятгари клуби “Бавария” ва бозигари тими миллии Фаронсаро беҳтарин футболбози соли 2013 эътироф кард. Алишер Туйчиев бошад, Лионел Месси, аз клуби “Барселона” ва мунтахаби Аргентинаро беҳтарин донист.
Соли равон 33 бозигар муддаии ҷоизаи “Тӯби тилоии ФИФА” ҳастанд. Беҳтаринҳо аз тариқи овоздиҳии журналистон, сармураббиҳо ва сарварони дастаҳои миллӣ майян мегарданд. Ҳар нафар се муддаӣ-ҷойҳои як, ду ва серо интихоб мекунад. Муддаие, ки раъй ё имтиёзи бештар мегирад, ғолиб эътироф мегардад.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми дуюм Лионел Месси ва дар зинаи сеюм Криштиану Роналдуро ҷой додааст.
Алишер Туйчиев, сарвари яккачини кишвар ва дарвозабони клуби “Истиқлол” бошад, дар зинаи дуюм Франк Рибери ва дар ҷои сеюм Роберт Левандовскиро мақом додааст.
Муҳсин Муҳаммадиев, Висенте Дел Боскеро беҳтарин сармураббии соли 2013 гуфтааст. Дар ҷои дуюм Сэр Алекс Фергюсон ва дар зиаи сеюм Жозе Моуринюро навишта. Аммо ба андешаи Алишер Туйчиев, Юпп Хайнкес беҳтарин сармураббии соли равон будааст. Ӯ дар ҷои ду Сэр Алекс Фергюсон ва дар мақоми се Висенте Дел Боскро ҷой додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |