Бахшҳо

Пешниҳоди Файзиннисо Воҳидова ба Эмомалӣ Раҳмон

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, бо пешниҳоди номи чанд тан аз кадрҳо, мегӯяд, агар Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдори рушду пешрафт бошад, бояд бархе аз мансабҳои давлатиро дар ихтиёри онҳо гузорад.

Ин ҳуқушиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳоле маҳаки асосии савганди раисиҷумҳури Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу озодӣ ва ҳимояти шарафи сокинони кишвар буд, бояд ба ҳайси раиси Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Ватанов, собиқ муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ ва ҳоло вакили парлумон таъйин карда шавад. Ба гуфтаи Воҳидова, Ватанов таҷрибаи хуби корӣ дар мақомоти додгоҳӣ дошта, ҳамчун вакил ба парлумон фиристодани ӯ хатои ҳукумат мебошад: “Ватанов дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ маҳз дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кор карда, ҳатто дар ҳамон вазъи ҳассоси сиёсии кишвар адолати додгоҳӣ таъмин мешуд.”

Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ба мақоми раиси Додгоҳи конситутсионии Тоҷикистон таъйин шудани Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бисёр муфид аст. Чун, ба қавли ӯ, баробари ба ин мансаб омадани Зоиров ду мушкили ҳассоси кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт: “Якум, Зоиров мутахассиси ҳуқуқи конститутсионӣ ва кадри касбӣ аст. Ҳамзамон ӯ сиёсатмадор ва раҳбари яке аз аҳзоби мухолифини кишвар буда, мансаб гирифтанаш обрӯю нуфузи ҳукуматро боло хоҳад бардошт ва ҳукумат ба боварии мардум соҳиб мешуд.”

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик илова менамояд, курсии раҳбарии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бояд дар ихтиёри Лола Хоҷаева, додраси Додгоҳи олӣ гузошта шавад. "Чун ӯ як мутахассиси варзида дар риштаи ҳуқуқи гражданӣ мебошад ва ҳамзамон ба фаъолиятҳои эҷодӣ низ машғул аст",-гуфт ӯ. Вай афзуд, “таҳияи кодекси гражданӣ, қарорҳои пленуми Додгоҳи олӣ ва як қатор қонуну санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқи гражданиро ба танзим медароранд, маҳз маҳсули кории Хоҷаева мебошад.” Воҳидова бар ин аст, ки ҳукумат бо таъйин намудани Хоҷаева ба мақоми раиси Додгоҳи олии иқтисодии кишвар, бо як тир ду нишон мезанад.

Воҳидова дар идома меафзояд, ҳукумати Тоҷикистон агар ба ҳайси иҷрокунандаи вазири умури хориҷии кишвар Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро интихоб кунад, ба нафъи миллат ва худи он мебошад. Ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, раҳбари ҲНИТ ҳам сиётсамадору ҳам дорои дипломатияи хуб мебошад ва дар давоми солҳои охир низ тавонистааст, дар маъракаҳои сиёсию исломӣ Тоҷикистонро муаррифӣ ва аз сулҳи тоҷикон намуна созад: “Ҷаҳони Ислом ӯро мешиносанд ва эътироф мекунанд. Солҳои охир сиёсати берунаи ҳукумати Тоҷикистон чунин ба роҳ монда шуда буд, ки бештар бо давлатҳои исломӣ ва мамолики араб ҳамгироӣ доштанд. Илова бар ин, Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ҳизбаш дар як давлати демократӣ тавонист, ҷомеаи исломии дунявиро созад.”

Хонум Воҳидова аз табдил ёфтани парлумони Тоҷикистон ба як хонаи “ҷаримавӣ” иброзӣ нигаронӣ дорад. Чун ба қавли Воҳидова, парлумони Тоҷикистон дар таҳия ва қабули қонунҳо мустақил ва нақши асосӣ надорад. "Аз ин рӯ, вақтҳои охир ҳар мутахассисе, ки барои ҳукумат “нолозим” мешавад, ба ин макон "фиристода" хоҳад шуд. Чанд нафар мутахассисони касбии соҳаи худ бемантиқ ба парлумон "фиристода" шуда, ҳоло онҳо моликияти зеҳнии хешро ба амал бароварда наметавонанд”,-афзудааст ӯ.

Ҳуқушиноси тоҷик дар ин бора мисол оварда аз Азизмат Имомов, Меърочиддин Хакимов, Маҳмадалӣ Ватанов ва Убайдулло Давлатов, собиқ кормандони додситонӣ ва додгоҳи кишвар ном мебарад, ки ҳоло ин ниҳоди Тоҷикистон ба ингуна кадрҳо ниёз дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Э Р
ЯЪНЕ ҲУКУМАТА АПАЗИТСИЯРА БУТЕМ БАЪД ШУМО ЧИЗЕХОҲЕН ҲАМОН ШАВАД

Дилёб
Бечора харак орзуи дум кард, Ноёфта дум ду гуш гум кард. Апачон гуфтахои шумо барои халки Точик мисли хамон орзуи харак аст. Дар интихобот орзухо мекунем, ба орзуямон намерасем. Дар тагироти кад хам орзу мекунем, касони гайричашмдошт сохиби курсихо мегарданд. Биё хамин Кабириро хамрохи Зоиров ба забон наоред. Боз кадом руз аз хамин будашон хам халос нашавем.

Салим
Бехтарин пешниход! Агар амали шавад бисёр хуб мешавад. Чунки ин шахсонхам фарзандони ТОЧИК хастанд. Ва дигар инки президенти ТЧК хам ОПОЗИТСИЯ буд! ИЛТИМОС ЧОП КУНЕД:-(

Апаи Файзиннисо мо худата як шахсият мешиносем, лекин хамика мегум апа коршон наги хаволашон ба Худо .........
Хами одамои худат гуфтаги хамара сарша гаранг карда гаштай. Ба фикри ма сабаби пеш нарафтани Точикистон айнан хами Кабири кати Зоировай.

в
Кабири е Кабиров вазифа ки мехостанд дар интихобот номзадиашонро гузоштан лозим буд. Дар пушти як зан пинхон шуда акнун муфт вазифа гириптан мехоханд.

сомон
"ЯЪНЕ ҲУКУМАТА АПАЗИТСИЯРА БУТЕМ БАЪД ШУМО ЧИЗЕХОҲЕН ҲАМОН ШАВАД"

саводи аксари мардуми точик дар хамин сатх аст. хаминхо бо саводи хеш моро рохнамои мекунанду хокимиятро дар даст доранд..

АПАИ ХУКУКДОН БО ИН ПЕШНИХОДИ НАМУДААТ ХУКУМАТ ВА ДАВЛАТРО БА АСРХОИ 5-6 БУРДА МЕРАСОНИ! ИН МАКАСАДИ НОПОКАТОН АЗ АВВАЛ БАРОИ МАРДУМИТ ТОЧИК МАЪЛУМ БУД, ЯЪНЕ ШУМО ВАЗИФА ТАЛАБУ МАНСАБХОЕН. АЗ ШУМО ХАТТО БУИ ПЕШРАВИ ВА КОРДОНИ НАМЕОЯД.
О БАРОИ ЧИ НОМИ ОЙНИХОЛ, РАЧАБИ МИРЗО, ВАРАКИ, ДОДОЧОН, УМАРАЛИ ВА ДИГАР МАРДОНИ "БАРЧАСТА"-РО ("ФАЙЗИНИССО МУШОВИРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТ") НАГИРИФТИ ОХИР ИНХО ХАМ МЕТАВОНАД БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ТАРККИЁТИ ХАЛКИ ТОЧИК ХАЛАЛ ВОРИД КУНАНД. ХА ФАХМИДАМ ИН ШАХСИЯТХОИ "КОРДОН", КИ САРИ ВАЗИФА ОМАДАНД, БАЪДАН БАРОИ ОНХО РОХ МЕКУШОЯНД.....ФАХМО..
ДАР ШАХСИЯТИ ЯК ХУКУУКДОНИ (БА КАВЛИ ОЗОДАГОН) "ВАРЗИДА" ЧУНИН СУХАНХО НАМЕЗЕБАД...ХУБ МЕШУД, КИ ФАЪОЛЯТИ РУЗМАРРААТРО ИДОМА ДОДАНИ ГИРИ, ЧУНКИ БО "ДУОИ КУРМУШ ХАВО НАМЕБОРАД" ГУФТААНД БУЗУРГОН...
ОЗОДАГОН АГАР ЧОП ХАМ НАКУНИ АКАЛАН ИН АНДЕШАХОРО БА ХУКУКШИНОСИ ВАРЗИДААТ РАСОН, ТО ИН КИ ЯАГОН ХУЛОСА БАРОРАД.

сомон,
Оне ки инро навистааст, як аробакаш ё кӯчаруби тоҷик дар Русия аст. Онҳо бекор монданд, нишаста, компютер мекобанд. Ин тоифа аз бесаводон таваллуд мешаванд, дар дасти бесаводон (аксар вақт дар кӯча, хоклӯтак карда) бузург мешаванд ва бесавод аз олам чашм мепӯшанд. Вале, вой ба ҳоли давлат ва ҷамъият, ки ин қабилҳо бо ҳилаву найрангу "тағабозӣ" ба сиёсат роҳ ёбанд!

Сорбон
баъд ба фикрам Вохидова шуморо дар Куктош вазифа дихем??? наход 1 хукукдони касби ин хел суханхои фач гуяд?

Ба ЭР: Бо чунин сатхи пасти дониши сиёсиятон ва аз пашша фил сохтанатон мо точикон ба чое намерасем. Шояд ту бародар точик хам набоши бо ин суханроният. Файзинисо Вохидова кай гуфт ки хукумата ба опозиция дихед?.
1. Барои 4-5 нафар бародароне,ки вазифа пешниход намудаед бисер мо хурсанд шудем, чунки онхо хам миллати точик мебошанд.
2. Ба хотири сулху якпорчагии Точикистон ин нафарон барои мо точикон бенихоят заруранд.
3. Охир ин нафарон фарзандони чигарбанди мову шумоянд ва онхо дар хамаи гаму хурсандии моён бетараф нестанд ва барои пешрафту гулгуншукуфоии ватан ва аз хама бунбастхои иктисоди ва ичтимои кишварро мебароранд.Чун,ки инхо дар хамин кадар шикасту рехти Точикистон дар пахлуи мо буданд ва ба чое фирор накардаанд.
Мо аз апаи Файзинисо Вохидова ташаккур мегуем бо ин пешниходи хубашон, вале оё ин нафарон дар ин вазифахои пешниход карда шуда рози мешаванд ё намешаванд ин масъалаи дигар хаст.

Э Р
Ба талхак. зато жит кадесем -шер дар ҷангал шоҳасту шағол ғулом мисли ту.

муаллм
бехтарин пешниход,метавонед боз дигаронро ном бибаред.
Аз мухолифи ин пешниход ки мегуяд:"Кабири ва Зоиров мансаб талош хастанд",пурсидани хастам;магар онхойе ки дар хукумат хастанд мансабталош нестанд?
хулоса аз суханони мухолифони пешниходи муаллима хаминро фахмидам ки токати тахаммули факат як пешниходро хам надоранд.афкори сиесиашон нихоят дарча поен аст.

Мирхусайн Назриев- раиси Хадамоти экология шавад мешавад. Сайидчафар Исмонф- сардори девони таърифкунак...

муаллм
бехтарин пешниход,метавонед боз дигаронро ном бибаред.
Аз мухолифи ин пешниход ки мегуяд:"Кабири ва Зоиров мансаб талош хастанд",пурсидани хастам;магар онхойе ки дар хукумат хастанд мансабталош нестанд?
хулоса аз суханони мухолифони пешниходи муаллима хаминро фахмидам ки токати тахаммули факат як пешниходро хам надоранд.афкори сиесиашон нихоят дарча поен аст.

хамин раиси кумитаи дино иваз намешуда бошад шояд як нафари дигар биёяд квотаи хач ай 4 ба 2 хазор долар фурояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)