Баҳси Тоҷикистону Узбакистон дар бораи парвози се чархболи низомӣ

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон парвози се чархбол ё вертолёти низомии кишвар дар ҳарими ҳавоии Узбакистонро ба шиддат рад карданд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар тамоми гарнизонҳои ҳарбии Тоҷикистон чархболҳои таълимӣ ҳастанд, ки дар як ҳафта парвозҳо анҷом медиҳанд. “Вале ба ҳеч ваҷҳ онҳо ҳарими ҳавоии Узбакистони ҳамсояро убур накардаанд. Ин гап ҳақиқат надорад”,-азфуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Узбакистон иддао дорад, рӯзи 27 ноябри соли ҷорӣ се чархболи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дар маҳалли аҳолинишини Қизилмазори вилояти Ҷиззах ҳарими ҳавоии Узбакистонро убур намуда, ҷониби вилояти Сирдарё ҳаракат кардаанд. Дар ин бора торнамои 12uz.com бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин чархболҳоро ҳамчунин дар минтақаи аҳолинишини Соҳибкор ва шаҳраки Бекободи вилояти Тошканд дидаанд. "Дар маҷмуъ чархболҳои низомии Тоҷикистон дар ҳарими ҳавоии Узбакистон бештар аз як соат дар ҳаракат будаанд",-гуфтааст, сарчашмаи 12uz.com.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |