Ба нафақа рафтани Афзалов ва таъини раиси нави Хатлон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми ноябр, бо судури як фармон Афзалов Ғайбуллоро аз мақоми раиси вилояти Хатлон барканор намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Афзалов баромаданаш ба нафақа мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон тибқи фармони дигар Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевичро иҷрокунандаи вазифаи раиси Хатлон таъин кардааст, ки то ин дам дар курсии раиси шаҳри Турсунзода менишаст.
Афзалов аз моҳи декабри соли 2006 дар вазифаи Раиси вилояти Хатлон кор мекард. Ӯ 10 декабри соли 1948 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, соли 1969 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва соли 1991 Институти сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |