Ифшои қоидавайронкунии баъзе мақомдорони тоҷик дар роҳ
Масъулони Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғд дар пайи як рейд қонуншикании бархе аз мақомдоронро ҳангоми ҳаракат дар роҳ ошкор кардаанд.
Ба қавли онҳо, дар ҷараёни ин рейд нисбат ба Шокирҷон Воҳидов, ронандаи “Опел Астра”, барои бе шаҳодатномаи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, мошинааш ба ҷаримагоҳ бурда шудааст. Оқои Воҳидов прапоршики Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Суғд будааст.
Амир Исмоилов ва Абдуазим Абдураҳмонов, сардорони Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Чкалов, низ барои нақзи қоидаҳои роҳ муттаҳам мешаванд. Манбаъ мегӯяд, барои чунин қойдвайронкуниҳо нисбат ба Ҷамолиддин Муҳаммадов, нозири комиссариати ҳарбии Хуҷанд, Оқилҷон Додобоев, лейтенанти калони Хадамоти гумрук дар Суғд ва Нозим Шоҳмамадов, нозири комиссариати ҳарбии Хуҷанд низ аз ҷониби гурӯҳи корӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Масъулони Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ мегӯянд, бархе аз чунин мақомдорон дар баробари қойдавайронкунӣ, инчунин, бо нозирони роҳ дағалона рафтор карда, аз мансаб ва вазифаи хидматияшон сӯистифода мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |