Ҳафт сол зиндони “муллои ҷодугар” бе тағйир боқӣ монд
Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ ё кассатсионии вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро, ки қаблан бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, бе тағйир боқӣ гузошт. Ин аризаи шикоятӣ рӯзи 27 ноябр таҳти раёсати Фахриддин Дадометов, додарси Додгоҳи шаҳри Душанбе, баррасӣ гардид.
Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, мегӯяд, аз ин қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе розӣ нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, онҳо тамоми санади лозимиро дар бораи амдан ва ё барқасдона сабт кардани навори муносибати маҳрамони нафари таҳти ҳимояташ бо Зулола Раҳимоваро ба додрас пешниҳод кардаанд.
Ӯ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мо ба додрас фаҳмондем, ки ин навор тавассути дастгоҳи хос ва бо ёрии кадоме сабт шудааст. Охир, Айфон пой надорад, ки ҳар лаҳзаи аз ин ҷо ба он ҷо рафтани онҳоро наворбардорӣ кунад. Ин корест, ки барқасдона анҷом шудааст. Гузашта аз ин, дар навор ҳам дида мешавад, ки Зулола на иҷборӣ, балки бо майли худ бо нафари таҳти ҳимояти мо муносибат мекунад. Вале додгоҳ ин ҳамаро ба назар нагирифт.”
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфта буд, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”
Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, 24 октябр бо ҳафт сол ҳукми зиндони ӯ поён ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |