Видеову акси рақобат ва пирӯзии генерал Саламшо Муҳаббатов
Генерал Саламшо Муҳаббатов, паҳлавони тоҷик раиси Федератсияи гӯштии озоди Тоҷикистон, қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо эълон гардид.
Ин генерали бознишастаи тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо, ки аз 25 то 26 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ба рақибонаш пирӯз омадааст.
Паҳлавони шинохтаи 53-солаи тоҷик дар вазни то 90 килограм майдондорӣ карда, дар даври аввал - Владимир Маркелов (Русия), дар марҳилаи нимниҳоӣ Радик Нурмуҳаммадхонов (Русия) ва дар қисмати ниҳоӣ Банжел Ярослав (Чех)-ро мағлуб карда, унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдоро соҳибӣ намудааст.
Генерал Саламшоҳ Муҳаббатов яке аз фармондеҳони пешин дар даврони даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |