Чаро садама бо иштироки фарзанди мақомдорон афзудааст?
“Озодагон” ин дафъа ба ин суол посух ҷуст, ки чаро садама бо иштироки фарзанди мақомдорон ва ё афроди шинохтаи Тоҷикистон афзудааст?
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива Плюс”:
“Эҳтимол онҳо фикр мекунанд, барояшон ягон қонун ва чаҳорчӯба вуҷуд надорад. Ин аввал. Дувум, агар пештар хондаву баъд санади ронандагӣ мегирифтанд, ҳоло бо пул харидан мумкин аст. Севум, нақши камранги волидон дар таълиму тарбияи фарзандон. Чорум, ба ҳар ҳол техника аст ва метавонад тасодуф бошад ва ҳеч кас аз ин эмин нест. Панҷум, мутаассифона, дар аксар ҳолат онҳо аз ҷавобгарӣ осон раҳо мешаванд.”
Амалхонум Гаджиева, ҳамоҳангсози маркази фарҳангии “Бохтар”:
“Чунки онҳо медонанд, муҳокима нахоҳанд шуд. Барои мисол, садама бо иштироки писари Амонулло Ҳукуматуллоро ба ёд оред. Қонун танҳо барои камбизоатон аст. Ақаллан яке аз онҳо муҳокима мешуданд, дигарон дар ин бора фикр мекарданд.”
Гулнора Амиршоева, директори кулли “Вечерний Душанбе”:
“Чунин ҳодисаҳо дар гузашта низ буданд, аммо ҳоло дар ин бора ошкоро мегӯянду менависанд. Як тарҳи мо ҳоло ба таблиғи риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ нигаронда шудааст. Тарҳи иҷтимоии “Шаҳри бехатар” аз нигоҳи кӯдак. Ин идеяи ман аст.”
Шерафган Латифов, корманди дафтари матбуоти БДА-и Душанбе:
“Бубахшед, наметавонам дар ин замина ягон иттилоъ бигӯям ва ё назар диҳам. Раҳбарият манъ кардааст.”Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |