Тасдиқи сафари Расулзода ба Узбакистон аз сӯи ҳукумат

Ҳукумати Тоҷикистон таъйид намуд, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири навтаъини Тоҷикистон ба Тошканд рафта, масоили густариши ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ хоҳад кард.
Тавре аз котиботи сарвазири Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дақиқ шуд, ки Тоҷикистонро дар Тошканд худи Қоҳир Расулзода муаррифӣ хоҳад кард. Ин нахустин сафари хориҷии Қоҳир Расулзода ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон хоҳад буд. Расулзода дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд иштирок мекунад, ки рӯзҳои 28-29-уми ноябр дар назар аст. Сафари Расулзода ба Тошканд дар ҳолест, ки нахустин ҷаласаи ҳукумат дар ҳайати нав 30-юми ноябр таъин шудааст.
Дар ҳамин ҳол миёни Тошканду Душанбе мушкилоти зиёд дар умури обу энергетика, сарҳад, нақлиёт ва ғайра ҷой доранд, ки дар аҳди сарвазирии Оқил Оқилов ҳалли худро наёфтанд.
Қоҳир Расулзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр, Оқил Оқилови 69-соларо, ки 14 сол боз сарвазир буд, иваз карда, сарвазири нави кишвар таъин шуд. Эмомалӣ Раҳмон расман Расулзода ва вазирони дигари навтаъинро 25-уми ноябр, ба кормандони ҳукумату дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба онҳо изҳори эътимод намуд. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |